Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 102 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ МИНТАҚА ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ


102 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ МИНТАҚА ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ




Нишасти матбуотии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб бо ҳузури намояндагони ВАО баргузор гардид, ки зимни он Мадализода Дилшод иброз дошт, ки шмораи умумии ҷавонон дар минтақа 371 ҳазору 322 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 186 ҳазору 685 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ 584 чорабинии гуногун баргузор гардида, дар маҷмӯъ беш аз 64 ҳазор нафар ҷавонон ба ин тадбирҳо фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, 6700 адад маводи иттилоотӣ миёни аҳолӣ паҳн гардида, 237 маводи иттилоотӣ, аз ҷумла мақолаҳо, роликҳои тарғиботӣ ва барномаҳои телевизионӣ таҳия ва пахш карда шудаанд.

Мадализода Дилшод иброз дошт, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон дар давраи ҳисоботӣ ба таври назаррас тақвият ёфта, ҳадафи асосии онҳо пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳар гуна равияҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткорӣ, оворагардӣ, нашъамандӣ, инчунин ҷалби онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт вохӯриҳо, суҳбатҳои рӯбарӯ, семинару мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои иттилоотиву маърифатӣ бо иштироки ҷавонон, падару модарон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор карда шудаанд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 19 муассисаи варзишӣ аз рӯи 31 намуди варзиш фаъолият намуда, дар онҳо 9721 нафар варзишгар дар 724 гурӯҳи машқӣ ҳамарӯза ба машғулиятҳои варзишӣ фаро гирифта шудаанд. Дар соли 2025 варзишгарони минтақа дар 51 мусобиқаи ҷумҳуриявию минтақавӣ ширкат варзида, сазовори 495 медали тилло, 482 медали нуқра ва 602 медали биринҷӣ гардидаанд.

Инчунин, дар 20 мусобиқаи байналмилалӣ 152 нафар варзишгари минтақаи Кӯлоб иштирок намуда, ба хазинаи варзишии кишвар 30 медали тилло, 30 медали нуқра ва 42 медали биринҷӣ ворид намуданд.

Алишери Абдулмаҷид,
"ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода