Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 9 МИЛЛИОН СОМОНӢ ДАРОМАД БА БУҶЕТИ ФУРУДГОҲ


9 МИЛЛИОН СОМОНӢ ДАРОМАД БА БУҶЕТИ ФУРУДГОҲ




"Фурудгоҳи байналмиллалии Бохтар"  дар давоми соли 2025 бо ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Русия  ҶДММ «Северный ветер» парвозҳои мунтазам анҷом дода, ҳамкориро мутобиқ ба талаботи авиатсионӣ ба роҳ мондааст, зикр намуд Фарҳод Абдурашидзода, сардори фурудгоҳ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра ба 165 хатсайр хизматрасонӣ анҷом дода шуда, теъдоди умумии мусофирони хизматрасонидашуда 51 931 нафарро ташкил додааст. Аз ин шумора 28 339 нафар мусофирони қабулгардида ва 23 292 нафар мусофирони аз фурудгоҳ интиқолёфта мебошанд.

Даромади умумии корхона дар соли 2025 ба 9 миллиону 493 ҳазору 941 сомонӣ баробар гардида, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 627 ҳазору 200 сомонӣ кам мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷаи давлат 2 миллиону 712 ҳазору 532 сомонӣ маблағ пардохт шудааст. Ҳамчунин, ҷиҳати пешбурди фаъолияти фурудгоҳ, дар маҷмӯъ 9 миллиону 568 ҳазору 732 сомонӣ маблағ хароҷот гардидааст.

Дар давоми сол 36 116 дона гулҳои ороишии мавсимӣ, 240 дона гул ва 32 дона арчаи калон шинонида шудаанд.

Мунавваршои Зафар, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода