САЪДУЛЛОЗОДА. НАШРИ 6 КИТОБИ ДАРСӢ ДАР СОЛИ 2025
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, дар шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон баргузор гардид. Ректори донишгоҳ Саъдуллозода Шаҳриёр иттилоъ дод, ки дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ корҳои назаррас анҷом дода шудааст ва ин аст, ки дар соли 2025 дар донишгоҳ З лоиҳаи илмии буҷетӣ ба маблағи умумии 368 004 сомонӣ амалӣ шуд, ки барои иҷрои он 20 нафар ҳайати профессорию омӯзгории донишгоҳ ҷалб карда шудаанд. Соли 2025 аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 6 китоби дарсӣ, 6 монография ва 28 дастури таълимӣ, таълимӣ-методӣ нашр шудааст.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ робитаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, муассиса бо зиёда аз 45 донишгоҳи Федератсияи Россия, 18 донишгоҳи Иттиҳоди Аврупо, 15 донишгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 8 донишгоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ИМА ва дигар кишварҳо шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Ин ҳамкориҳо ба баргузории таҳқиқоти муштарак, табодули таҷриба, такмили ихтисос, дастрасӣ ба адабиёти таълимӣ ва ҷалби мутахассисони хориҷӣ равона шудаанд.
Дар доираи ҳамкориҳо дарсҳои маҷозии омӯзгорони Донишгоҳи давлатии аграрии Кубан баргузор гардида, ҳамчунин 17 декабри соли 2025 миёни Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва Донишгоҳи нақлиёти Сиан ёддошти тафоҳум оид ба рушди низоми ҳукумати рақамӣ ба имзо расид.
Донишҷӯён ва омӯзгорон дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “Seeds for the Future”, ERASMUS+ ва ташаббусҳои Иттиҳоди Аврупо иштирок намуда, ба таҷрибаомӯзӣ, семинарҳо ва омӯзишҳои байналмилалӣ ҷалб гардида, дар доираи ин лоиҳа ба донишгоҳ таҷҳизоти озмоишӣ ба маблағи 280 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, иттилоъ дод Саъдуллозода Шаҳриёр.
Алишери Аб
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...