Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАСИ ОЛИМОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ ДАР ОЗМУНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ҶУМҲУРИЯВӢ


ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАСИ ОЛИМОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ ДАР ОЗМУНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ҶУМҲУРИЯВӢ



Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти донишгоҳ натиҷаҳои фаъолияти муассисаро дар самтҳои асосии таълим, илм, тарбия, корҳои созандагиву хоҷагидорӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки олимону донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, соҳиби патентҳо, дипломҳо ва ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Аз ҷумла, профессор Нодира Ашурова дар конфронси байналмилалии ЮНЕСКО “700 сол бо Ҳофиз”, ки дар шаҳри Парижи Фаронса гузашт, бо суханронии арзишманд иштирок кард. Шарифзода Одинамо Пирназар - н.и.п., дотсент, муовини ректор оид ба тарбия ва Сайдализода Фотима Обид-муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии донишгоҳ дар Озмуни байналмилалӣ, ки аз ҷониби Маркази байналмилалии таҳқиқотии «Endless Light in Science», воқеъ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, дар номинатсияи таҳқиқотии «Беҳтарин педагог» сазовори Дипломи дараҷаи I гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ Исоева Фариза - докторанти курси 1-уми ихтисоси биология ва Назаров Аминҷон-директори Парки технологии донишгоҳ соҳиби НАХУСТПАТЕНТ ба ихтирои «Дастгоҳи шустушӯйи ғалладона (AгpoTaj)» гардиданд.
Ҳамзамон, омӯзгорони кафедраи химия ва методикаи таълими он Ёрмадов Рустам ва Досаев Суҳроб барои ихтироот соҳиби нахуспатент №Tj 1631 гардиданд.

Дар доираи ҷамъбасти «Озмуни ҷумҳуриявии рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин» дар соли 2025, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи табъу нашри кишвар, дастгирии кормандони васоити чопии ахбори омма ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон баргузор гардид, рӯзномаи «Анвори дониш» дар номинатсияи «Нашрияи минтақавӣ» сазовори ҷойи аввал ва Дипломи дараҷаи I гардид.
Ҳамзамон, дар моҳҳои октябр ва декабри соли 2025 омӯзгорони донишгоҳ Муродзода Баҳриддин, Шарипов Хуршед ва Бобоев Аъзам дар семинари байналмилалии онлайнӣ таҳти унвони «Омӯзиши касбии виртуалӣ» («Виртуально – профессиональный тренинг») иштирок намуда, пас аз хатми он соҳиби шаҳодатнома (сертификат) гардиданд.

Зимни баргузории олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи донишҷӯёни Донишгоҳ бо ба даст овардани 10 ҷой (2 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 6 ҷойи сеюм ва 1 ҷойи ифтихорӣ) дар байни 44 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ сазовори мақоми сеюм гардид.

Ҳамчунин, дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 8 нафар донишҷӯёни донишгоҳ иштироки фаъолона намуда, аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика Рустамзода Мафтуна сазовори ҷойи якум гардид (зери роҳбарии Алишери Абдулмаҷид, н.и.ф., дотсенти кафедраи журналистика). Инчунин, Гулбии Қурбоналӣ, донишҷӯи курси 3-юми ҳамин факултет, аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти классики тоҷик» сазовори ҷойи сеюм гардид (зери роҳбарии Шамшоди Ҷамшед, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик).

Донишҷӯёни донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо гирифтани 4 ҷой миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ифтихори Донишгоҳро баланд бардоштанд. Аз ҷумла, дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» Исоева Фариза Муҳаммадҷоновна, магистранти курси дуюми факултети химия ва биология, сазовори ҷойи якум гардид; дар номинатсияи «География» Давлатов Аҳлиддин Асламович, донишҷӯи курси чоруми факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ, ҷойи сеюм-ро ишғол намуд. Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона Сайфуддинова Омина Баҳромовна, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси физика-математика, аз рӯйи номинатсияи «Физика ва астрономия», ва Камолзода Муртазо, донишҷӯи курси панҷуми факултети химия ва биология, аз рӯйи номинатсияи «Биология», бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” - Асозода Фарангис, корманди бахши фарҳанги Донишгоҳ дар жанри эстрадии номинатсияи сарояндагӣ сазовори дипломи озмун гардид.

Дар озмуни ҷумҳурияивии “Ҳар кас, ки Шоҳномахонӣ кунад” - Фаттоҳзода Саидадунё - донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи рус сазовори ҷойи якум гардид.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” – Саидова Нигора, донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи тоҷик ва журналистика соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид.

Алишери Абдулмаҷид,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода