Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ КОРТҲОИ ПЛАСТИКӢ БА 661 485 НАФАР РАСИДААСТ


ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ КОРТҲОИ ПЛАСТИКӢ БА 661 485 НАФАР РАСИДААСТ




2 феврали соли 2026 нишасти матбуотӣ бо раиси Бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб ва дигар роҳбарони ташкилотҳои бонкии минтақаи Кӯлоб баргузор гардид. Зимни нишасти хабарӣ раиси Бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб иттилоъ доданд, ки дар минтақаи Кӯлоб 235 адад филиали бонкҳо, филиали ташкилотҳои амонати карзии хурд, филиали ташкилотҳои қарзии хурд, филиали фондҳо, фондҳои қарзии хурд ва марказҳои хизматрасонӣ фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон Аҳмадҷон Юсуфзода раиси Бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб иттилоъ дод, ки қарзҳои додашуда ба дар ин давра 2,1 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 394,4 млн сомонӣ ё 21,8 фоиз зиёд гаштааст.

Ба санаи 31.12.2025 шумораи мизоҷоне, ки тавассути кортҳои пластикӣ хизматрасонӣ карда мешаванд, дар ташкилотҳои қарзии молиявии минтақа ба 661 485 нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта (578 251 нафар) 83 234 нафар ё 14,3% зиёд гашта, ҳамарӯза рӯ ба афзуншавӣ доранд.

Дар идома зикр намуд, ки таъмини иқтисодиёти минтақаи Кӯлоб бо пули нақд тибқи дархости Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ амалӣ гардида, ҳаҷми он вобаста ба рушди иқтисодиёт тағйир меёбад. Дар соли 2025 ба хазинаи муомилотии шуъба 11 млн сомонӣ пули фарсуда ворид шуда, масъалаи тозагии пул ва тартиби банду баст зери назорати доимӣ қарор дорад.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода