МИРЗОЗОДА. 1133 НАФАР БО ҶОИ КОР ТАЪМИН ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз дар шаҳри Норак нишасти матбуотӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти соли 2025 бо иштироки васеи намояндагони расонаҳои хабарӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим зикр дошт, ки нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 151,7 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 586,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар натиҷа нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 89% ё 104.5 миллион сомонӣ таъмин гардид. Дар ин давра андози иҷтимоӣ 63 миллион сомонӣ иҷро гашт, ки баробар ба 105,8% ё 3.4 миллион андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ (110%) ва 17,7 миллион сомонӣ зиёд таъмин гардид.
Таъмини сокинон бо ҷойҳои кории мавсимӣ ва доимӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти шаҳр буда, дар ин давра ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 2450 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд. Дар ин давра 1133 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардиданд (занон 644 нафар ва мардон 489 нафар). Ҳамчунин ба 258 нафар шаҳрванд кумакпулӣ ба маблағи 378 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 181% ё ки 169,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли 2025 16 маротиби ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар натиҷа 248 нафар шаҳрванди бекор бо ҷойи кори доимӣ таьмии гардиданд, иттилоъ дод раиси шаҳр.
Соли 2025 бо мақсади таъмин намудани аҳолии шаҳр бо барқ аз ҷониби шабакаи тақсимоти барқи шаҳр 136,5 миллион кВт соат барқ кабул шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1.2 млн. кВт соат кам, ё ин ки 99 фоизро ташкил мекунад.
Неруи барқи фоиданок 106,9 миллион кВт соат буда, талафоти он 21,7%-ро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,5% кам гардидааст, - афзуд Мирзозода Иброҳим.
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...