Ҷалби беш аз 19 млн доллар сармояи хориҷӣ дар вилоят
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 9
![]()
Имрӯз, дар нишасти матбуотӣ Исфандиёр Усмонзода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки дар вилояти Хатлон 45 лоиҳаи сармоягузории давлатй ба маблағи 1 миллиарду 105 миллион доллар барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, ирригатсия обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, эколоғия ҳодисаҳои фавқулода ва сайёҳӣ равона гардидааст.
Тибқи маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботии соли 2025 маблағи 19,2 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб гардид, ки 11,9 милоион доллари ИМА-и онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2024, 7,5 миллион доллар 170,1 фоиз ё 2,7 маротиба зиёд мебошад.
Ба гуфтаи И. Усмонзода, дар маҷмӯъ шумораи субектҳои хоҷагидорӣ тибқи нишондоди феҳристи ягонаи давлатӣ 119 ҳазору 389 ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 4 ҳазору 268 адад ё ин ки 3,7 фоиз зиёд шудааст.
Ҳамчунин қайд намуд, ки санаи 11-уми ноябри соли 2025 Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025” ва намоишгоҳи молу маҳсулоти дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, ки дар кори Форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хукуматҳои мамлакатҳои дусту шарик, мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, намояндагони созмонхои байналмилалии молиявӣ, сафирон ва намояндагони тиҷоратии як қатор кишварҳо, дар маҷмуъ зиёда аз 400 нафар иштирок намуданд.
Дар натиҷаи мулоқоту тавофуқи ҳосилшуда миёни доираҳои тиҷоратию сармоягузори 37 созишномаю ёдошти тафоҳум ба маблағи 711,74 миллион сомонӣ ба имзо расонида шуданд.
Дар миқёси вилоят 471 адад шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ ба маблағи 1 706353 сомонӣ баста шуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 1529219 сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мутаносибан 73 адад шартнома ва маблағи иҷора 235443 сомонӣ зиёд мебошад.
Маблағи умумии ба буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва ба иҷора супоридани моликияти коммуналӣ ворид гардида, 1571839 сомониро ташкил медиҳад.
Дар вилоят 40 адад шартномаи иҷораи амволи давлатӣ аз ҳисоби моликияти комуналии вилоят ба маблағи 444535 сомонӣ баста шудааст, ки аз ин ҳисоб ба буҷети вилоят 183124 сомонӣ ворид гардидааст, иброз дошт И. Усмонзода.
Р. Мирзомиддин,
"Хатлон"
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00