Беш аз 31 млн сомонӣ ҷудо шуд: натиҷаҳои фаъолияти Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар соли 2025
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 64
![]()
Соли 2025 Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон як қатор корҳои сохтмонию васлкуниро ба анҷом расонд. Дар ин бора сардори раёсат А. Саъдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи нақша дар соли 2025 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 31 млн 968 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, аз ин маблағ 29 млн 783,2 ҳазор сомонӣ барои корҳои сохтмону васлкунӣ сарф шудааст. Дар аксари соҳаҳо маблағҳои ҷудошуда пурра ё қисман азхуд гардида, иншоотҳои банақшагирифташуда мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Гуфта шуд, ки бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун мактаб барои 624 хонанда дар як баст бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Маблағи лоиҳавии ин иншоот дар оғоз 19 млн сомонӣ буда, дар ҷараёни иҷро то тақрибан 23 млн сомонӣ расонида шудааст.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар соҳаи фарҳанг мушкилот ҷой дорад. Барои ин соҳа аз ҳисоби буҷети вилоят 200 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, вале бинобар нопурра будан ё ба талабот ҷавобгӯ набудани лоиҳаҳо маблағҳо истифода нашудаанд.
Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон иброз дошт, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва таҳияи лоиҳаҳои босифат тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Набиҷони Саидаброр, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...