ТАДБИРҲОИ НАЗОРАТӢ ВА ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР САМТИ ТАҚСИМОТИ ЗАМИН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 71
![]()
Дар Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни нишаст раиси Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб Юсуф Саидзода доир ба фаъолияти кумита дар соли 2025 маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Номбурда иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби нозирони истифода ва ҳифзи замини кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб вобаста ба ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи замин 1795 ҳолат дар майдони умумии 362,32 гектар ошкор гардидааст. Нисбат ба ҳамаи ҳолатҳо дастур дода шуда, нисбати 1751 ҳолат протокол ва қарорҳои ҷаримабандӣ тартиб дода шудаанд. Ҳаҷми умумии ҷаримаҳо 748 095 сомонӣ-ро ташкил дода, аз ин маблағ 632 749 сомонӣ, ё худ 84,6 фоиз, ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид гардидааст.
Ҳамчунин дар соли 2025 ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 344 мавод ирсол гардида, 199 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин дар майдони 11,80 гектар ошкор шудааст. Маблағи ҷаримаҳо барои ин қонуншиканиҳо 153 486 сомониро ташкил додааст.
Юсуф Саидзода зикр намуд, ки новобаста ба корҳои анҷомёфта, масъалаи риояи қонунгузории замин ҳамоно мубрам буда, тадбирҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар ин самт минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Алишери Абдулмаҷид,
“Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00