Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар вилояти Хатлон 154 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд


Дар вилояти Хатлон 154 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд



- Бар асари санҷишҳо воридшавии 3391 нафар шаҳрвандон ба хориҷи кишвар муваққатан манъ гардидааст. Аз ин шумора 3022 нафар мардон ва 369 нафар занон мебошанд. Дар ин бора Сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Исфандиёр Хайриддинзода зимни нишастӣ матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2025 аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии бозпасгашта 1672 нафар, аз ҷумла 1586 мард ва 86 зан барои пайдо намудани ҷои кори мувофиқ ва касбомӯзӣ ба сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят равона карда шуданд. Аз теъдоди зикршуда 154 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, 78 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб шуданд. Ҳамчунин, 18 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок, 1414 нафар ба машварати касбӣ фаро гирифта шуда, 8 нафар бо истифода аз маблағҳои бефоизи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят ба фаъолияти соҳибкорӣ оғоз намуданд.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба 508 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон иҷозатнома дода шудааст. Айни ҳол дар вилоят 40 субъекти хоҷагидоре, ки иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ доранд, ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин корхонаҳо 781 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият менамоянд.

Дар баробари ин, дар ҳамин ширкатҳо 7143 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 434 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба хориҷи кишвар манъ мебошад, бо кор таъмин гардидаанд. Таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони ватанӣ дар ин ширкатҳо 90,2 дарсад ва шаҳрвандони хориҷӣ 9,8 дарсадро ташкил медиҳад.
Р. МИРЗОМИДДИН,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода