Шумораи нафақагирон дар Хатлон аз 300 ҳазор гузашт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 105
![]()
Дар вилояти Хатлон шумораи нафақагирон нисбат ба соли гузашта 4,9 дарсад зиёд шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон Файзализода Қобилҷон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2025 нақшаи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилоят аз ҳисоби андози иҷтимоӣ (25 ва 20 дарсад) дар ҳаҷми 1 миллиарду 313,4 миллион сомонӣ муқаррар гардида буд. Тибқи натиҷаҳои ҷамъбастшуда, ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1 миллиарду 436,4 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки ин 109,4 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Файзализода Қобилҷон таъкид намуд, ки тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, ба ҳолати 31 декабри соли 2025 шумораи умумии нафақагирон дар вилояти Хатлон 311 ҳазору 669 нафарро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 ҳазору 474 нафар ё 4,9 дарсад зиёд мебошад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2025 ба сохторҳои маҳаллии Раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 29 ҳазору 641 нафар шаҳрвандон бо пешниҳоди ариза ҷиҳати таъини нафақа муроҷиат намудаанд. Аз ин теъдод ба 28 ҳазору 628 нафар нафақа таъин гардида, аз ҷумла 18 ҳазору 750 нафар бо нафақаҳои суғуртавӣ ва 9878 нафар бо нафақаҳои давлатӣ таъмин шудаанд. Дар ҳамин давра 126 ариза рад гардида, 887 ариза мавриди баррасӣ қарор доранд.
Р. Мирзомиддин,
"Хатлон"
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...