ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲИФЗУ МУХОФИЗАТИ ҶАНГАЛЗОР ЯКЕ АЗ ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ МОСТ


ҲИФЗУ МУХОФИЗАТИ ҶАНГАЛЗОР ЯКЕ АЗ ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ МОСТ



Имрӯз нишасти матбуотии хоҷагии ҷангал минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид. Амиршозода Тоҳир директори муассисаи мазкур қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи хоҷагиҳои ҷангали минтақаи Кӯлоб дар майдони 75,5 гектар ҷангалҳои нав бунёд гардида, дар майдони 90 гектар плантатсияи ҷангалҳои нав гузаронида, дар майдони 555,4 гектар ҷангалҳои куҳна аз нав барқарор карда шуда, нақшаи бунёд ва барқароркунии ҷангалзор 94 фоизи нақшаи солонаро ташкил дод.

Ҳамзамон, дар мавсими ниҳолшинонӣ бо мақсади бунёд ва барқарорсозии ҷангалзорҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 199 ҳазор бех ниҳол, 3500 гулу гулбутта шинонида шуда, инчунин 579 килограмм тухмии ниҳолҳо кишт гардидааст.

Амиршозода Тоҳир таъкид намуд, ки ҳифзу муҳофизати ҷангалзор яке аз вазифаҳои асосии кормандони соҳаи ҷангал ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, аз ҷониби нозирони ҳифзи ҷангал дар давоми соли 2025 ҳамагӣ 492 санади қонунвайронкунӣ ошкор гардида, зарар ба маблағи 231 ҳазору 743 сомонӣ муайян шудааст. Маблағи мазкур пурра ба суратҳисоби хоҷагиҳо ворид карда шудааст.

Инчунин, нисбат ба 196 нафар протоколҳои маъмурӣ ба маблағи умумии 59 ҳазору 336 сомонӣ тартиб дода шуда, маблағи ҷаримаҳо пурра ба буҷет пардохт гардидааст.
Дар идома гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои Нақшаи амали Барномаи рушди парвариши дарахти “Павловния” дар минтақаи Кӯлоб барои солҳои 2024–2028 як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Дар айни ҳол дар минтақа беш аз 50 ҳазор дарахти павловния парвариш карда мешавад,-зикр намуд Амиршозода Тоҳир.

Умарҷон ТОШМАТОВ,
"ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода