Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 345 586 ГЕКТАР ЗАМИНҲОИ ОБӢ МАВҶУД АСТ


ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 345 586 ГЕКТАР ЗАМИНҲОИ ОБӢ МАВҶУД АСТ




Дар ҳудуди вилояти Хатлон ҳамагӣ 345 586 гектар заминҳои обӣ мавҷуд мебошад. Аз ин ҳисоб 274 282 гектарро заминҳот шартномабасташуда  ташкил медиҳанд. Ин нуктаро сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон Хоҷазода И зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон хабар дод.

Аз заминҳои шартномабаста:

86 688 гектар тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд ва 13 898 гектарро заминҳои партов ташкил медиҳанд. 14 227 гектар заминҳо дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доранд, ки аз ин миқдор дар соли ҷорӣ 4 657,7 гектар беҳсозӣ карда шудааст ва 
1 172,18 гектар заминҳо холимонда мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии оби додашуда ба 2 млрд 165 млн 938 ҳазор метри мукааб баробар буда, ба ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 7 897 м³ рост меояд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 223 м³ зиёд мебошад.

Арзиши умумии оби додашуда 101 млн 258,5 ҳазор сомонӣ-ро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ 1 млрд 810 млн метри мукааб об бароварда шудааст.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода