Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » СОЛИ 2025 19 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ СОХТА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД


СОЛИ 2025 19 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ СОХТА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД




Ғаюров Садриддин, мудири шуъбаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб 28 январи соли 2026 дар мавриди як соли бурду бохти соҳаи тандурустии минтақа иттилоъ дод.

Зимни нишасти хабарӣ Ғаюров С. ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли 2025 бо таваҷҷуҳ аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар барои рушду нумӯи соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бештар аз 370 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Аз ин миқдор 368 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки 99% нақшаро ташкил медиҳад. 77 муассисаҳои тандурустӣ дар соли гузашта ба маблағи 14 млн. 58 ҳазору 899 сомонӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расондаанд, ки 106% нақшаро дарбар мегирад.

Инчунин, масъулин иттилоъ дода гуфтанд, соли 2025 дар шаҳру минтақаи Кӯлоб 19 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 56 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Аз ин 5 адад маркази саломатии деҳотӣ, 13 адад бунгоҳи тиббӣ, 1 адад беморхонаи сироятии ноҳияи Балҷувон мебошад. Айни ҳол сохтмони 18 иншооти дигар идома дорад. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо бо маблағи беш аз 21 миллион сомонӣ таҳҷиҳоти тиббӣ ва ғайритиббӣ ба беморхонаҳои минтақа ворид карда шуд, зикр дошт мудири шуъба.

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас дар ин соҳа, яке аз масъалаҳои нигаронкунанда то ҳол фавти беморон, махсусан кӯдакон, бо сабабҳои гуногун боқӣ мемонад. Тибқи маълумот, соли 2025 дар минтақа ҳамагӣ 4599 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 554 нафарро кӯдакони то синни яксола ташкил медиҳанд (соли 2024 - 543 нафар). Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта каме афзоиш ёфтааст.

Масъалаи дигари зикршуда дар ин нишаст норасоии кадрҳои маълумоти олидор буд. То имрӯз дар соҳаи тандурустии минтақаи Кӯлоб 307 нафар табибони соҳибтахассус намерасанд.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода