Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 129 ҲАЗОР САР ЧОРВОИ ШОХДОР АЗ ТАШХИС ГУЗАРОНИДА ШУД


129 ҲАЗОР САР ЧОРВОИ ШОХДОР АЗ ТАШХИС ГУЗАРОНИДА ШУД




Бо мақсади пешгирии бемориҳои сирояткунандаи чорво ва таъмини вазъи муътадили эпизоотӣ дар вилояти Хатлон тадбирҳои густурда роҳандозӣ гардидаанд.

Дар ин давра зиёда аз 129 ҳазор сар чорвои калони шохдор ва 156 ҳазор сар чорвои майда мавриди ташхис қарор дода шудаанд.

Ин нуктаро Давлатшозода Б., сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, бар зидди бемориҳои гуногун миллионҳо сар чорво эмгузаронӣ карда шудаанд. Ҳамчунин, дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои хатарноки ҳайвонот, аз ҷумла сӯхтанӣ, брутселлёз, гул, дерматити нодулярӣ ва дигар бемориҳо корҳои ташхисӣ ва профилактикӣ ба роҳ монда шудаанд.

Зимни нишаст таъкид гардид, ки дар доираи назорати давлатии байторию санитарӣ дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 304 ҳазор намуна аз гӯшт, шир, маҳсулоти ширӣ, тухм, асал, меваву сабзавот ва дигар маҳсулот мавриди санҷиш қарор дода шудаанд.

Инчунин, дар давоми соли 2025 нисбат ба 343 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани талаботи байторию санитарӣ чораҳои маъмурӣ андешида шуда, ба маблағи 72 ҳазору 40 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Дар самти назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ зикр гардид, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон садҳо ҳазор тонна маҳсулоти растанипарварӣ ворид гардида, ҳамаи онҳо мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ аз санҷиш гузаронида шудаанд.

Масъулон таъкид намуданд, ки фаъолияти Кумита минбаъд низ ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулоти кишоварзӣ равона карда хоҳад шуд.

Мунавваршои ЗАФАР,  "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода