Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА АЗ ҲИСОБИ МУАССИСАҲОИ БУҶЕТӢ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД


НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА АЗ ҲИСОБИ МУАССИСАҲОИ БУҶЕТӢ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД




Санаи 28.01.2026 нишасти матбуотӣ дар Раёсати Вазорати молия дар минтақаи Кӯлоб бо иштироки васеи намояндагони ВАО-и минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бургзор гардид.

Зимни нишасти матбуоти сардори Раёсати молия дар минтақаи Кӯлоб Камолзода Ҷ. иттилоъ дод, ки мувофиқи маълумотҳо бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо дар соли 2025 бо назардошти тағйироту иловаҳо ба маблағи 541,9 млн. сомонӣ муқаррар гардида, иҷроиши аслӣ 606,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ба 111 фоизи нақша баробар буда, нисбати нақша 117,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки дар соли 2025 иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби муассисаҳои буҷетӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар сатҳи 106 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо ба 316,6 млн. сомонӣ баробар гардидааст, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб 103,3 млн. сомонӣ (107 фоиз), Восеъ 53,7 млн. сомонӣ (114 фоиз), Ҳамадонӣ 30,8 млн. сомонӣ (117 фоиз), Муъминобод 25,5 млн. сомонӣ (101 фоиз), Фархор 40,4 млн. сомонӣ (105 фоиз), Ховалинг 27,2 млн. сомонӣ (96 фоиз), Темурмалик 18,2 млн. сомонӣ (97 фоиз) ва ш. Шоҳин 17,5 млн. сомонӣ (100 фоиз) таъмин гардидааст.

Гуфта шуд, ки аз тарафи шуъбаи "аудит"-и дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб мувофиқи накшаи корӣ дар соли 2025 дар 155 ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳо оиди мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ таҳлилҳои интихоби гузаронидаанд. Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда ҳамагӣ ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ камбудиҳо ошкор карда шудаанд. Аз камбудиҳои ошкоркардашуда ҳамагӣ маблағи 1,6 млн. сомонӣ, барқарор карда шуд, ки аз ин маблағ 63 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 1,5 млн. сомонӣ ба фоидаи муассисаҳо барқарор карда шуд, ки 66 фоизи маблағҳои ошкоркардашударо ташикл медиҳад.

Алишери Абдулмаҷид,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода