127 ТАШКИЛОТИ НАВИ ИТТИФОҚИ КАСАБА ТАЪСИС ДОДА ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Тибқи маълумоти дар соли 2025, 31 маротиба ҷаласаҳои назди раиси Шӯро, 3 ҷаласаи навбатӣ ва 3 ҷаласаи ғайринавбатии Раёсат баргузор гардида, дар онҳо 38 масъалаи марбут ба фаъолияти иттифоқҳои касаба баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Зикр намуд, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Ризозода А.Ш зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон.
Дар доираи нақшаи корӣ барои солҳои 2024–2026 ва нақшаи соли 2025 мониторинг ва омӯзишҳо дар самти иҷрои қонунгузорӣ оид ба меҳнат, ҳифзи меҳнат, гигиена ва бехатарии меҳнат дар шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Кӯшониён, Ёвон, Панҷ, Шаҳритус ва Кубодиён гузаронида шуданд. Ҳамзамон, семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки раисон ва намояндагони иттифоқҳои касаба доир гардиданд.
Айни замон дар вилояти Хатлон 11 кумитаи соҳавии иттифоқи касаба, 1 Шӯрои шаҳрии иттифоқҳои касаба ва 2871 ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба фаъолият дошта, шумораи умумии аъзоён ба 335 087 нафар мерасад.
Дар соли 2025 дар асоси созишномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ 118 созишнома ба имзо расида, шартномаҳои коллективӣ дар аксари ташкилотҳо баста шудаанд. Дар маҷмӯъ, беш аз 92 фоизи ташкилотҳои соҳа бо шартномаҳои коллективӣ фаро гирифта шудаанд.
Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон низ фаъол буда, дар ин давра 805 муроҷиат қабул гардидааст, ки аксари онҳо ба масъалаҳои гуногуни меҳнатӣ марбут буданд.
Ҳамчунин, дар доираи иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дахлдор, корҳои ташкилию ҳуқуқӣ ҷиҳати таъсиси ташкилотҳои нави иттифоқи касаба ва ҷалби кормандон ба узвият тақвият ёфт. Дар натиҷа, 127 ташкилоти нави иттифоқи касаба таъсис дода шуд.
Фаъолияти Шӯро дар самти ҳифзи меҳнат низ тақвият ёфта, назорати ҷамъиятӣ аз болои иҷрои талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаю муассисаҳо ба роҳ монда шудааст.
Сабринаи Сайвалӣ
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00