Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАЙЁРИҲО БА ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР САТҲИ ХУБ ҚАРОР ДОРАНД


ТАЙЁРИҲО БА ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР САТҲИ ХУБ ҚАРОР ДОРАНД




Қурбонов Абдухолиқ, директори Муассисаи давлатии Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Курбонов дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар коллеҷ ҳамагӣ 127 нафар донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин шумора 64 нафарашро духтарон ва 63 нафарашро писарон ташкил медиҳанд. Аз 127 нафар донишҷӯён бо маълумоти миёнаи умумӣ (синфи 9) 69 нафар ва бо маълумоти миёнаи асосӣ (синфи 11) 58 нафар донишҷӯ дар коллеҷ таҳсил намуда истодаанд.

Дар коллеҷ омодагиҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯёни коллеҷ дар озмунҳои зикршуда ҳамасола фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ки моҳи июни соли 2025 аз 16 нафар иштирокчӣ, ки дар даври вилояти озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» иштирок доштанд, хушбахтона як нафар омӯзгори коллеҷ дар номинатсияи навозандагӣ жанри академӣ - Исуфов Исфандиёр сазовори ҷойи якум гардида, бо мукофотпулӣ сарфароз гардид. Дар даври ҷамъбастии озмун як нафар донишҷӯи бахши З - юми шуъбаи Рассомии коллеҷ дар номинатсияи расмкашӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Алишери Абдулмаҷид,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода