НИСБАТИ 166 НАФАР ҶАЗОИ МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ ТАТБИҚ ГАРДИДААСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, нишасти матбуотӣ Суди вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти судҳои вилоят дар соли 2025 ва давраи ҳисоботӣ ҷамъбаст карда шуданд.
Раиси суди вилояти Хатлон Н. Расулзода зимни нишасти матбуъотӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки дар соли гузашта ба Суди вилояти Хатлон дар марҳилаи якум 150 парвандаи ҷиноятӣ ворид гардида, бо назардошти 12 парвандаи боқимонда аз соли қаблӣ, шумораи умумии онҳо 162 парвандаро ташкил додааст. Аз ин теъдод 152 парванда моҳиятан баррасӣ гардида, 147 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 212 нафар бо баровардани ҳукм анҷом ёфтааст. Нисбати 166 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардидааст, ки аз онҳо 7 нафар ноболиғ, 5 нафар зан ва 2 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки нисбати 41 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи умумии 2 миллиону 381 ҳазору 76 сомонӣ таъин гардида, аз ин маблағ 1 миллиону 713 ҳазору 514 сомонӣ рӯёнида шудааст. Бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» 160 ҳазор сомонӣ аз рӯёнидан озод гардида, рӯёниши 507 ҳазору 562 сомонӣ мавриди иҷро қарор дорад. Иловатан баъд аз ҷамъбасти ҳисоботҳои оморӣ боз 37 ҳазор сомонӣ ҷарима рӯёнида шудааст.
Зикр шуд, ки вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ 145 таъиноти хусусӣ қабул гардида, 95 парванда дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ шудаанд. Ҳамчунин 7 ҷамъбасти амалияи судӣ гузаронида шудааст.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 4475 парвандаи ҷиноятӣ ворид гардида, 4235 парванда баррасӣ шуда, 240 парванда ба нимсолаи якуми соли 2026 боқӣ мондааст. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 49 миллиону 77 ҳазору 843,5 сомонӣ ҷарима таъин гардида, аз он 31 миллиону 543 ҳазору 351 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...