Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Маҷлиси васеи КИ ҲХДТ дар Хатлон: баррасии дастовардҳо ва нақшаҳои нав


Маҷлиси васеи КИ ҲХДТ дар Хатлон: баррасии дастовардҳо ва нақшаҳои нав




27 январ маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Ҷамшед Саидзода, аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Дар оғози маҷлис масъалаи ворид намудани тағйирот ба ҳайати Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Шукрона Маҳмадализода узви Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб интихоб гардиданд.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода гузориш дод. Зикр шуд, ки давоми соли 2025 шумораи аъзои ҳизб дар вилояти Хатлон 20 ҳазор нафар зиёд гардидааст. «Мо, ҳизбиён, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафти кишвар ва зиндагии шоистаи мардум пайваста ташаббусҳои созандаро роҳандозӣ намуда, дар татбиқи ҳадафҳои барномавию оинномавии ҳизб ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем. Фаъолияти идеологӣ ва мафкурасозӣ самти асосии кори ҳар ҳизби сиёсӣ буда, рисолати он дар раҳнамоии ҷомеа ба сӯи созандагиву пешрафт ифода меёбад», - қайд кард Ҷ. Саидзода.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо ташаббус ва дастгирии аъзои ҳизб дар вилояти Хатлон садҳо иншооти муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, боғу гулгаштҳо, роҳҳо ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамоянд.
Баъд аз гузориш музокирот баргузор гардида, раисони як қатор кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо доир ба фаъолияти худ суханронӣ карданд.

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ, аз барқарории сулҳу субот то таҳкими ваҳдати миллӣ, самараи заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ӯ афзуд: «Аз ваҳдати миллӣ садҳо ғояҳои бунёдкорона сарчашма гирифтанд ва бунёди роҳҳои замонавӣ, иншооти гуногун, коргоҳҳо, муассисаҳо ва корҳои ободониву созандагӣ ба ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии мардум табдил ёфтааст. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати рӯ ба рушд эътироф менамояд. Тоҷикистони азизи мо гулрез аст, офтоби дурахшон болои сари мардуми ин диёри файзхез шуълапошӣ мекунад, шаҳру деҳи мамлакат қабои идона ба бар кардааст».

Муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода низ ба нақши ҲХДТ дар ташаккули мафкураи ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор дошт, ки кормандони сохторҳои ҳизбӣ, зиёиён, воситаҳои ахбори омма ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар шароити рушди босуръати техникаву технология барои таҳкими худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ саҳм мегузоранд. Мавсуф таъкид кард, ки тарғибу посдории арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги куҳан омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ва болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Қайд гардид, ки иқдомҳои Роҳбари давлат дар барқарории сулҳу субот, таҳкими низоми давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи солим заминаи асосии рушди устувору босубот ва пойдории истиқлоли давлатию миллӣ гардиданд. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рукни аслии давлат ва ҷомеа, ки Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандона ва ҳадафмандонаашон онро таҳким бахшиданд, имрӯз ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи муҳим барои барномаҳои рушд дар оянда боқӣ мемонад.

Дар ҷаласа ҳамчунин гузориши роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба фаъолияти соли 2025 шунида шуда, нақшаи фаъолияти гурӯҳ барои соли 2026 тасдиқ гардид. Ҳамзамон, нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои нимсолаи якуми соли 2026, нақшаи чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш як қатор собиқадорон ва фаъолони ҳизб бо медали ҷашнии «30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода