Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 8,2 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷет ворид гардид


8,2 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷет ворид гардид



Дар соли 2025 нотариусҳои давлатӣ 147 ҳазору 913 амалиёти нотариалӣ анҷом дода, 25,5 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ ситониданд. Барои хизматрасониҳои иловагӣ 19,7 миллион сомонӣ рӯёнида шуд, - гуфт дар нишасти хабарӣ сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Шараф Чиллазода.

Ба гуфтаи ӯ, бахшҳои САҲШ дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо 206 ҳазору 418 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифтанд. Аз ин шумора 101 ҳазору 663 сабт ба ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот рост меояд.

Дар ин давра 105 959 сабти таваллуд, 24 ҳахору 292 сабти никоҳ, 11 ҳазору 900 сабти вафот, 1 ҳазору 950 бекоркунии ақди никоҳ, 23 ҳазору 373 муқаррар намудани падарӣ ва 18 ҳазору 970 иваз намудани насаб, ном ва номи падар сабт шудааст.

Аз ҳисоби фаъолияти САҲШ 8,2 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ ва 13,4 миллион сомонӣ хизматрасонии иловагӣ ба буҷет ворид гардид, - илова карда Чиллазода.

Ҳамчунин, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки аз амалиёти нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар хизматрасониҳои адлия ба буҷети давлат зиёда аз 67 миллион сомонӣ ворид карда шуд.

Набиҷони САИДАБРОР, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода