БЕШ АЗ НИМ МИЛЛИОН ДОЛЛАР ГАРДИШИ УМУМИИ МОЛ ДАР МИНТАҚАИ ГУМРУКИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 99
![]()
Дар соли 2025 гардиши молии умумӣ дар минтақаи фаъолияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ба 530,8 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли гузашта 5,0 миллион доллар ё 0,96 дарсад зиёд мебошад. Дар ин хусус дар нишасти матбуотии Раёсати минтақавии гумруки дар вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.
Ҳалимзода Эраҷ, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, иброз дошт, ки аз ҳаҷми умумии гардиши мол 273,2 миллион доллар ба воридот ва 257,6 миллион доллар ба содирот рост меояд. Ҳамзамон, дар соли ҳисоботӣ воридоти баъзе молҳо нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, воридоти гази моеъ ба маблағи 8,9 миллион доллар (13 ҳазору 78 тонна), шакар ба маблағи 10 миллион доллар (15 ҳазору 28 тонна), маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 1,1 миллион доллар, биринҷ ба маблағи 2,0 миллион доллар (4 ҳазору 1 тонна), ҳасибча ба маблағи 1,0 миллион доллар (317 тонна) ва равғанҳои молиданӣ ба маблағи 798 ҳазор доллар (1 ҳазору 165 тонна) кам гардидааст.
Ӯ афзуд, ки ҳаҷми муносибатҳои тиҷорати хориҷӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 113,1 миллион долларро ташкил дода, аз ин 30,5 миллион доллар ба содирот ва 82,6 миллион доллар ба воридот рост меояд. Инчунин, дар соли 2025 бо 28 кишвари хориҷи дур амалиётҳои содиротию воридотӣ анҷом дода шуда, арзиши гумрукии онҳо 351,1 миллион долларро ташкил додааст, ки аз ин 174,8 миллион доллар содирот ва 176,3 миллион доллар воридот мебошад.
Ба таъкиди Ҳалимзода Эраҷ дар соли ҳисоботӣ 208 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 2 ҳолати ҷиноятӣ ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳолатҳои ошкоршуда чораҳои дахлдор андешида шудаанд. Дар асоси ин парвандаҳо ба маблағи умумии 619 ҳазору 943 сомонӣ ҷарима таъин ва ситонида шудааст, ки аз онҳо 150 парванда нисбат ба шахсони воқеӣ ва 58 парванда нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ рост меояд.
“Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...