Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГИЯИ САБЗ.


ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГИЯИ САБЗ.




Раиси вилояти Хатлон бо роҳбари ширкати «Dayu New Energy Limited» мулоқот намуд

Имрӯз, 24 январ, дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари ширкати чинии «Dayu New Energy Limited» ҷаноби Давид Лиу мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузории энергетикии барқароршаванда табодули назар карданд. Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Чин муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ монда, равандҳои рушд дар марҳилаи кунунӣ босуръат ҷараён доранд.

Давид Лиу гуфт, ки ширкати онҳо аз соли 2018 дар бахши тиҷорати энергияи барқароршаванда, аз ҷумла сохтмон ва истифодаи неругоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ фаъолият дорад. Ӯ афзуд, ки ҳадафи ширкат таъмин намудани ҷаҳон бо энергияи сабзи тоза, боэътимод ва дастрас мебошад ва айни замон лоиҳаҳои энергетикии шамолӣ дар Гурҷистон ва Қазоқистон амалӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин Давид Лиу иброз намуд, ки ният доранд дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқии офтобӣ ва шамолиро бо иқтидори 500 МВт бунёд кунанд. Ширкати «Dayu New Energy Limited» барои ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонии энергияи сабз бо ширкатҳои бонуфузи энергетикӣ шарикии стратегӣ барқарор кардааст ва тавассути сармоягузории муштарак дар лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ саҳми худро мегузорад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар суханронии худ таъкид дошт, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад. Ӯ изҳор дошт, ки мақомоти вилоят ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат ва истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо манфиатдоранд.

«Мо ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисод, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонем», - афзуд раиси вилоят.

Ҳамчунин ҷонибҳо таъкид карданд, ки Ҷумҳурии Чин аз иқдомоти Тоҷикистон оид ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи неруи барқ, аз ҷумла гидроэнергетика ва энергетикаи бодию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард. Давлаталӣ Саид аз пешниҳоди таъсиси неругоҳҳои бодию офтобӣ ҷонибдорӣ намуд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода