Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти яксолаи соҳаи энергетика дар минтақаи Кӯлоб


Нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти яксолаи соҳаи энергетика дар минтақаи Кӯлоб




Дар саросари мамлакат нишастҳои матбуотӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти яксолаи онҳо оғоз гардидааст. Дар ҳамин замина имрӯз нишасти матбуотии филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб ва раёсати Агентии давлатии энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб баргузор шуд.

Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар соли сипаришуда аз системаи энергетикӣ ба миқдори 1 млрд 361 млн 210 ҳазор кВт/соат неруи барқ қабул гардидааст. Аз ин ҳисоб 12 млн 365 ҳазор кВт/соат барои хароҷоти хоҷагидорӣ истифода шуда, 1 млрд 10 млн 716 ҳазор кВт/соат неруи барқ ба муштариён расонида шудааст.

Ҳамзамон дар ин давра талафоти неруи барқ коҳиш ёфта, 338 млн 127 ҳазор кВт/соат-ро ташкил додааст, ки ба 24,84 фоиз баробар мебошад. Қабули неруи барқ нисбат ба 12 моҳи соли гузашта 467 ҳазор кВт/соат зиёд гардида, афзоиши он 0,03 фоиз-ро ташкил медиҳад.

Иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда дар филиал ба маблағи 379 млн 933 ҳазор сомонӣ таъмин гардида, 92,67 фоизи нақшаро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 97 млн 902 ҳазор сомонӣ ё 3,47 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, аз ҳисоби аҳолӣ 177 млн 713 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки 96,9 фоизи нақшаро дар бар гирифта, нисбат ба соли гузашта 3,5 фоиз афзоиш ёфтааст, иттилоъ дод Табарзода Темур, роҳбари филиал.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар шаҳри Кӯлоб низоми муосири назорат ва ҳисоби неруи барқ — Лоиҳаи билингӣ ба фаъолият оғоз намудааст. Пас аз ҷорӣ гардидани ин низом 2700 муштарии нав муайян гардиданд, ки қаблан маблағи неруи барқро пардохт намекарданд. Вобаста ба онҳо чораҳои дахлдор андешида шудаанд.

Сардори раёсати Агентии давлатии энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Саидзода Б.Ҳ. иттилоъ дод, ки дар 12 моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ як қатор камбудиҳои соҳавӣ, аз ҷумла ҳолатҳои изофанависӣ дар шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои минтақа ошкор гардидааст. Дар натиҷа 24 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар маҷмӯъ 27 млн кВт/соат изофанависӣ ба маблағи 6 млн сомонӣ муайян шудааст.

Илова бар ин, дар давоми соли 2025 281 ҳолати дуздии неруи барқ бо ҳаҷми 1 млн 400 ҳазор кВт/соат, ба маблағи 612 ҳазор сомонӣ, ошкор гардидааст.

Умарҷон Тошматов,
«ХАТЛОН»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода