Р. ЗОКИРЗОДА: БИНОҲОИ ТАЪМИРТАЛАБ ВА САДАМАВӢ ДАР ВИЛОЯТ ЗИЁДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар ҳудуди вилояти Хатлон айни ҳол 885 муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд. Аз ҷумла, 492 китобхона, 285 муассисаи клубӣ, 3 филармонияи халқӣ, 5 театри халқӣ, 3 театри касбӣ, 35 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 18 осорхона, 29 мактаби бачагонаи санъат, 12 ансамбли тарона ва рақс ва 3 ансамбли касбии вилоят фаъол мебошанд. Ҳамзамон, дар вилоят 940 ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Раҳмон Зокирзода, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии муассисаҳои фарҳангӣ 285 муассисаи клубӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 35 қаср (кох), 74 хонаи фарҳанг, 147 клуби деҳотӣ, 26 клуби сайёр, гурӯҳҳои хизматрасонӣ ва 3 маҷмааи фарҳангӣ-варзишӣ мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати таъмири муассисаҳои клубӣ аз ҳисоби буҷет 196 ҳазору 592 сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон 10 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби кормандон 6550 сомонӣ ҷудо гардидааст. Ҳамчунин, барои хариди 55 адад асбобҳои мусиқӣ аз ҳисоби буҷет 112 ҳазору 44 сомонӣ ва барои хариди 425 адад сару либоси саҳнавӣ 109 ҳазору 590 сомонӣ маблағ масраф шудааст.
Зокирзода ҳамчунин зикр кард, ки аз 285 муассисаи клубӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Левакант, Кӯшониён, Ёвон, Дӯстӣ, Балҷувон ва Ховалинг - яктоӣ, Кӯлоб, Вахш, Панҷ, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин - дутоӣ, Ҷалолиддини Балхӣ - се адад, Фархор - чор адад ва Данғара - шаш адад биноҳо таъмирталаб мебошанд. Илова бар ин, дар ноҳияҳои Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Данғара ва Ш. Шоҳин - яктоӣ ва дар Темурмалик - ду адад бино дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар маҷмӯъ, 31 қасру кох ва хонаи фарҳангӣ таъмирталаб ва 6 адад садамавӣ мебошанд.
Дар мавриди китобхонаҳо гуфта шуд, ки аз 492 китобхона, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, Данғара, Фархор, Темурмалик ва дигар минтақаҳо 29 китобхона таъмирталаб буда, дар ноҳияи Ш. Шоҳин 1 адад китобхона дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Сардори Раёсати фарҳанг ҳамчунин ба ҳолати мактабҳои санъат таваҷҷуҳ зоҳир карда, гуфт, ки дар вилояти Хатлон 29 мактаби санъат, мусиқӣ, рассомӣ ва ҳунарӣ фаъолият дошта, дар онҳо 4801 нафар хонанда ва 445 нафар омӯзгор таҳсилу фаъолият мекунанд. Бо вуҷуди ин, дар фаъолияти онҳо як қатор мушкилот, аз ҷумла нарасидани асбобҳои мусиқии миллӣ ва аврупоӣ, фарсуда будани асбобҳо, камбуди омӯзгорони соҳибтахассус, норасоии китобҳои дарсӣ ва лавозимоти таълимӣ ҷой доранд.
Аз шумораи умумии мактабҳои санъат, 3 мактаб дар ноҳияҳои Вахш, Қубодиён ва Темурмалик таъмирталаб буда, мактабҳои санъати бачагонаи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ҷайҳун бинои алоҳида надошта, дар биноҳои дигар ташкилотҳо ҷойгир шудаанд.
Дар маҷмӯъ, айни замон дар вилояти Хатлон 67 муассисаи фарҳангӣ таъмирталаб ва 9 адад дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ҳамчунин, 298 муассиса дорои бинои алоҳида буда, боқимонда дар биноҳои фарҳангӣ, мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, хонаҳои шахсӣ, масҷидҳои ғайрирасмӣ ва ҳатто дар як ҳолат дар вагон ҷойгир мебошанд.
Набиҷони Саидаброр, «Хатлон»
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...