Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР ВИЛОЯТ 20 МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ НАВ БУНЁД ГАРДИД


ДАР ВИЛОЯТ 20 МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ НАВ БУНЁД ГАРДИД



Соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар соли 2025 бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст гардид. 

Дар соли 2025 дар ҳудуди вилоят ба истифода додани 139 иншооти гуногуни соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда буд. Ба ҳолати моҳи декабри соли 2025 бошад, дар маҷмуъ 146 иншооти соҳаи маориф мавриди истифода қарор гирифта, аз онҳо 1242 синфхона иборат буда, барои 31050 ҷойи нишаст дар як баст ва 62100 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудаанд. Ин нуктаро Абдулзода Зиёдулло сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон иброз намуд.

Зикр гардид, ки аз шумораи умумии иншооти сохташуда 48 адад синфхонаҳои иловагӣ, 32 адад биноҳои иловагӣ, 18 адад мактабҳои нав, 20 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабии нав, 12 адад марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак, инчунин як қатор иншооти дигар, аз ҷумла таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва толорҳои варзишию маҷлисӣ ба истифода дода шудаанд.

Ҳамзамон, Абдулзода Зиёдулло иттилоъ дод, ки бинобар кам будани шумораи хонандагон, бо қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 9 муассисаи таълимӣ барҳам дода шуда, биноҳои онҳо ҳамчун синфхонаҳои иловагӣ ба муассисаҳои наздиктарин вобаста гардидаанд.
Дар самти баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон низ корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Тибқи маълумот, аз ҷониби филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб 605 курс ва 53 семинар баргузор гардида, дар маҷмуъ 17058 нафар омӯзгорон фаро гирифта шуданд. 

Бо ин нишондиҳанда иҷрои нақша дар сатҳи 104 фоиз таъмин гардидааст.

Гуфта шуд, ки дар соли таҳсили 2025–2026 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон 942 ҳазору 709 нафар хонанда, аз ҷумла 458 ҳазору 058 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 42 ҳазору 111 нафар зиёд мебошад.

Абдулзода Зиёдулло ҳамчунин ба дастовардҳои хонандагони вилоят ишора намуда, зикр кард, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 2166 нафар хонанда иштирок намуда, 872 медал ба даст овардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 426 медал зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки 27 нафар хатмкунандагон соҳиби аттестати аъло гардидаанд. Дар баробари ин, дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 20 нафар довталабони вилояти Хатлон ғолиб дониста шудаанд. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз вилояти Хатлон 90 нафар иштирок намуда,  бо гирифтани 28 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 17 ҷойи сеюм дар ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб намуданд.

Мунавваршои ЗАФАР, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода