ТАЪМИРИ 111 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРД БА ВОСИТАИ СОҲИБКОРОН ВА ҲАШАР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
26 январ нишасти матбуотӣ бо роҳбарони Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб, Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Кӯлоб, Филиали КВД маркази сертификаткунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёти минтақаи Кӯлоб ва КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Зимни нишасти хабарӣ Ҳомидзода Нуралӣ директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" дар соли 2025 ба буҷети давлат 4 172 049 сомонӣ пардохт намудааст.
Дар идома зикр намуд, ки фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар соли 2025 ба 93 818 нафар мусофир (соли 2024 160 303- нафар мусофир) хизмат расонидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 41,5% кам мебошад.
Ҳамзамон сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб Қурбонзода Ёқуб иброз дошт, ки барои нигоҳдории роҳҳои минтақа 11 муассисаи роҳдорӣ сафарбар гардидааст, ки онҳо таъмиру нигоҳдории 2453.91 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро ба зимма доранд.
Мувофиқи маълумотномаи пешниҳодшудаи муассисаҳо то ба имрӯз ба воситаи соҳибкорон ва ҳашар дар минтақа 111.53 км роҳи автомобилгард ба маблағи 93 891 110 сомонӣ (мумфарш), ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 33,27 км зиёд (78,26 км ба маблағи 73 687 000 сомонӣ) ва 113 км ба маблағи 2549600 сомонӣ сангфарш), ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 70,56 км ба маблағи 894 400 сомонӣ зиёд (42,5 км ба маблағи 955 200 сомонӣ) ва 11-адад пул ба дарозии 480 м.т. ба маблағи 12 096 000 сомонӣ, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4-адад ба дарозии 152 м зиёд (1-адад ба дарозии 8 м) ва 4-адад қубур ба дарозии 57 метр ба маблағи 535 000 сомонӣ, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 адад ба дарозии 57 метр зиёд таъмир ва азнавсозӣ шудаанд.
Муовини сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Кӯлоб Музаффар Султонов иброз дошт, ки кормандони раёсат дар 12-моҳи соли ҷорӣ, 465-маротиба рейдҳо гузаронида, 4790-адад воситаҳои нақлиётро аз санҷишҳои нозиротӣ гузаронидаанд.
Дар натиҷа 6405 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд, ки аз ин ҳисоб 6391 адад нисбати ронандагони шахсони воқеии воситаҳои нақлиёт ва 14 адад нисбати шахсони мансабдор мебошанд. Протоколҳои тартибдодашуда дар 12-моҳи соли 2025 нисбати ҳамин давраи соли 2024 1298-адад зиёд буда, 125%-ро ташкил медиҳад.
Маблағи ҷаримаҳои басташуда дар давраи ҳисоботӣ 2195625 сомонӣ ва маблағи ҷаримаҳои ситонидашуда 1728284 сомониро ташкил медиҳад.
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...