2892 КГ МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ ВА МУҲЛАТАШ ГУЗАШТА НЕСТ КАРДА ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 26 январи соли 2026, нишасти матбуотии Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Ҳақназарзода Озарбахт, сардори раёсат қайд кард, ки аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маҷмааи агросаноатӣ аз тарафи мутахассисони шуъба дар 16 ҳолат намаки ғайримеъёрӣ ошкор шуда, микдори умумии онҳо 263 тоннаро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки мутахассисони шуъбаи нозироти савдо дар соли 2025 дар асоси супориши роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт ва иҷрои протоколи ҷаласаи назди директори Агентӣ аз 05 майи 2025 таҳти №2 дар бозори “Саховат”-и Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Кӯлоб, ҶДММ деҳқонбозори “Сахӣ”, маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии “Султони Кабир”, маркази хизматрасонии “Шоми Восеъ” ва супермаркети “Самар”-и ноҳияи Восеъ бо фурӯшандагон ва соҳибкорон суҳбату вохӯриҳо гузаронида ба онҳо риояи қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ фаҳмонида дода шуд.
Бо дархости соҳибкорон маҳсулотҳое, ки муҳлати истеъмолиашон гузаштааст аз ҷумла, маҳсулотҳои хӯрокворӣ-554 кг, нушокии ғайримашруботӣ-898 литр, маҳсулотҳои гӯштӣ-610 кг, маҳсулотҳои ширӣ -24 кг, тамат-42 кг, равғани растанӣ-15 кг, намак-15 кг, чой ва қаҳва-17 кг, хӯроки кӯдакона-154 кг, қандакҳои хитоӣ-300 дона, оби ҷав-292 литр, хуриш-192 кг, ранг-42 кг, ширеши моеъ-18 кг, кафк (пена), парфюмерӣ-80 дона ва бозичаҳои кӯдакона-314 дона аз муомилот гирифта шуд.
Ҷиҳати амалӣ намудани тартиби коркарди маҳсулотҳои ғайристандартӣ ва нобудсозии онҳо, ки ба талаботҳои регламентҳои техникӣ мутобиқ нестанд, дар Раёсат комиссия таъсис дода шудааст, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва ҳимояи бозори дохила аз молу маҳсулотҳои пастсифат дар соли 2025 дар рафти гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ маҳсулотҳои пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта, ки миқдори умумиаш 2892 килоро ташкил медиҳад, дар иштироки комиссия ва восоити ахбори омма несту нобуд карда шуд.
Алишери Абдулмаҷид,
"ХАТЛОН"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00