Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » СОҲИБЗОДА А. СОЛИ 2026 6 ИНШООТИ ТАЪИНОТАШОН ГУНОГУН СОХТА БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАНД


СОҲИБЗОДА А. СОЛИ 2026 6 ИНШООТИ ТАЪИНОТАШОН ГУНОГУН СОХТА БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАНД




26.01.2026 дар шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотии Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб бо иштироки намояндагони ВАО баргузор гардид. 

Зимни баргузории нишаст Соҳибзода Аскар – сардори раёсат иброз дошт, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи ҷашн гирифтани 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони як қатор иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда буд, ки аксари онҳо айни замон мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар соли 2025 ба воситаи РСА-и вилоят дар минтақаи Кӯлоб сохтмони 20 иншоот аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба нақша гирифта шуда буд, аз он ҷумла дар соҳаи маориф 14 иншоот, соҳаи коммуналӣ 1 иншоот, соҳаи тандурустӣ ва фарҳанг 1 иншоотӣ, соҳаи идоракунии давлатӣ 2 иншоот ва соҳаи энергетика 1 иншоот. Аз 20 иншооти сохташаванда дар давраи ҳисоботӣ 5 иншоот ба истифода дода шуд. Аз ин 3 иншооти соҳаи маориф бо иқтидори 1440 хонанда дар як баст, як иншоот бо иқтидори 4,5км хати барқи 10/04 ва 1 иншооти толори варзишии дар назди мактаби №28 деҳаи Бобосафоли ноҳи Фархор мебошанд.

Соҳибзода зикр дошт, ки корҳои омодагӣ ба нақшабандии иншооти сохташавандаи РСА-и вилоят дар минтақаи Кӯлоб аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ барои соли 2026 рафта истодааст ва аз рӯи нақша дар соли 2026 6 иншооти таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода мешаванд.

Алишери Абдулмаҷид,
"ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода