10 сол зиндон ҳам дарс нашуд. Қаллоби собиқадор боз дастгир гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Вахш як нафарро бо гумони содир намудани силсилаҷиноятҳои қаллобӣ боздошт намуданд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Амрудин Бутаков, сокини деҳаи Панҷоби Ҷамоати деҳоти «Меҳвар»-и ноҳияи Панҷ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир карда шудааст. Муайян гардид, ки номбурда қаблан низ барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ тибқи моддаи 247 қисми 4 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум гардида, соли 2021 ба озодӣ баромадааст.
Тафтишот нишон додааст, ки дастгиршуда бо истифода аз ному насаби сохта худро корманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати давлатии «Агролизинг» муаррифӣ намуда, ба шаҳрвандон ваъда медодааст, ки техникаи кишоварзиро тариқи имтиёзнок аз кишварҳои хориҷӣ ворид менамояд. Ӯ бо ҳамин роҳ ба боварии мардум даромада, маблағҳои калон гирифта, уҳдадориҳои худро иҷро накарда, маблағҳоро ба манфиати шахсӣ истифода намудааст.
То имрӯз аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ 8 ҳолати ҷинояти қаллобӣ ошкор гардида, ҳаҷми умумии зарари расонидашуда ба шаҳрвандон 732 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Бутаков А. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати дучор шудан ба чунин ҳолатҳо ё поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои молиявӣ аз ҷониби шахси мазкур, ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш муроҷиат намоянд.
Набиҷони Саидаброр,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00