«МАКТАБИ МОДАРОН» - МАКТАБИ ҲАЁТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
ОМОДАСОЗИИ ДУХТАРОН БА ЗИНДАГИИ МУСТАҚИЛОНА ДАР НОҲИЯИ ЁВОН
Бо ҳадафи омода намудани ҷавондухтарон ба зиндагии мустақилона, таҳкими пояҳои оилаи солим, арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон ва густариши фарҳанги миллӣ, дар ноҳияи Ёвон Озмуни ноҳиявии «Мактаби модарон» идома дорад. Ин иқдом ҳамчун ташаббуси муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ ба пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва тарбияи насли солиму худшинос равона гардидааст.
вон ба рӯзномаи «Хатлон» хабар доданд, озмун дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия бо иштироки фаъоли ҷавондухтарон, занон ва модарони рӯзгордида баргузор гардид. Он ба майдони муколамаи наслҳо табдил ёфта, дар он таҷрибаи ғании зиндагӣ, дониши рӯзгордорӣ ва фарҳанги оиладорӣ аз модарон ба духтарон интиқол ёфт. Дар ҷараёни озмун модарони фаъол ва соҳибтаҷриба донишу малакаи худро дар самти тарбияи фарзанд дар руҳияи ахлоқи ҳамида, нигоҳдории саломатии модару кӯдак, муносибатҳои солими оилавӣ ва ҳифзу тарғиби анъанаҳои миллӣ ба иштирокчиён омӯзониданд.
Таҷрибаи зиндагии онҳо барои ҷавондухтарон ҳамчун дарси зиндаи ҳаёт хизмат намуд. Иштирокчиён иброз доштанд, ки «Мактаби модарон» чорабинии муҳимми маърифатӣ буда, мактаби воқеии ҳаёт, худшиносии миллӣ, илму ҳунар ва фарҳанги оиладорӣ ба шумор меравад. Ин мактаб наслҳоро ба ҳам мепайвандад ва арзишҳои маънавии ҷомеаро таҳким мебахшад. Зимни баргузории озмун таъкид гардид, ки ҷавондухтарон бо истифода аз таҷрибаи ин мактаби бузург ҷаҳонбинӣ ва ҳунари худро такмил дода, ба зиндагӣ бо диду назари нек ва масъулиятшиносона қадам мегузоранд. «Ин мактаб фарзандонро ба роҳи рост, зиндагии босамар ва ояндаи созанда роҳнамоӣ мекунад», - зикр шуд дар суханрониҳо.
Ҳамчунин қайд гардид, ки духтарон аз «Мактаби модарон» ҳунари омода намудани таомҳои миллӣ, фарҳанги пӯшидани либоси тоҷикӣ, одобу ахлоқи ҳамида, илму дониш ва хулқу атвори шоистаи инсонӣ меомӯзанд. Онҳо вазифадоранд, ки ин таҷрибаи ибратомӯзро дар байни ҳамсолони худ густариш дода, дар таҳкими пояҳои ҷомеаи солим саҳмгузор бошанд. Озмуни «Мактаби модарон» дар ноҳияи Ёвон дар роҳи тарбияи насли оянда, насле, ки ба суннатҳои миллӣ арҷ мегузорад ва барои зиндагии мустақилона омода аст, намунаи ҳамкории ҷомеа мебошад.
Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...