Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОРБАДИ МАРВАЗӢ - АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ КАСБИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК


БОРБАДИ МАРВАЗӢ - АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ КАСБИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК




Борбад, маъруф ба Борбади Марвазӣ, яке аз бузургтарин навозанда, бастакор ва мусиқишиноси замони қадим буда, зодаи Марв (шаҳре дар Хуросон, ҳудуди Тоҷикистони имрӯза) аст. Ӯ дар асри VII мелодӣ, дар дарбори шоҳони сосонӣ, махсусан Хусрави Парвиз, ҳамчун мусиқичии расмӣ фаъолият доштааст.

- Борбадро метавон асосгузори низоми мусиқии классикии Шарқ номид.
- Ӯ аввалин касе буд, ки назм ва мусиқиро бо як системаи устувори илмӣ ҳамоҳанг карда, асоси як системаи мақом ва шеваҳои мусиқиро гузошт.
- Ӯ системаи 7 хусравонӣ (мақоми асосӣ), 30 лаҳн ва 360 оҳанг таҳия кард, ки ба рӯзҳои ҳафта, моҳ ва сол мувофиқ буданд — рамзи ҳамоҳангии мусиқӣ бо табиат ва ҳаёти инсон.

НАВОВАРИҲОИ БОРБАД:
1. Борбад дар сохтан ва такмили созҳои мусиқӣ саҳм гузоштааст (аз ҷумла, версияҳои қадимии рубоб ва дигар созҳои торӣ).
2. Бисёре аз оҳангҳои ӯ хусусияти тасвирӣ ва ривоятиро доро буда, як шакли қадимии драма-мусиқӣ ҳисоб мешуданд. Гарчи асарҳои аслии ӯ то замони мо боқӣ намондаанд, вале таълифоти ӯ ва таъсири бузурги вайро мусиқишиносони дерина, аз ҷумла Абӯнасри Форобӣ, Ал-Фарғонӣ ва мусиқии Шашмақом ҳамчун идомаи руҳии ин анъана нигоҳ медоранд. Дар адабиёти форсу тоҷик, шахсияти ӯ бо эҳтироми хос ёд мешавад, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ:
Аз ин сӯ Борбад чун булбули маст,
Зи дигар сӯ Нокисо чанг бар даст.

Борбади Марвазӣ на танҳо як навозандаи бузург, балки як реформатори аслии мусиқии классикӣ ва мусиқидони фалсафӣ буд. Мероси ӯ то имрӯз дар мусиқии суннатии тоҷик, форсӣ ва умумишарқӣ пайваста эҳсос мешавад. Барои ин, гуфтугӯи фарҳанг ва санъату мусиқӣ аз мақоми баланди эҷодӣ бояд дар мадди аввали ҳар гуна сиёсате, ки кишварҳои муосир онро пеша кардаанд, қарор бигирад. Қобили қайд аст, ки дар Тоҷикистон дар даврони истиқлоли миллӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланди байналмилалидошта ба вуқуъ омадааст.

Ба монанди 1400-солагии ромишгари бузурги Машриқзамин Борбади Марвазӣ, ки аввалин шуда дар таърихи санъати мусиқии ҷаҳон ӯ ба ҳар рӯзи ҳафта, баҳор, рӯзи моҳ ва ба ҳар рӯзи сол мусиқӣ ва таронаҳои хосе эҷод кардааст, бастакорони классикии машҳури ҷаҳон П. И. Чайковский, И. С. Бах, Л. В. Бетховен, В. А. Мотсарт ва дигарон ӯро пайравӣ кардаанд. П. И. Чайковский вобаста ба фаслҳо ва моҳҳои сол асари мусиқӣ барои фортепиано эҷод кардааст, ки дар 12 оҳанги эҷодкардааш зебоиву рангу тобишҳои фаслҳои солро бо мусиқӣ инъикос кардааст.

Дар ин сурат шубҳае нест, ки гуфтугӯи тамаддунҳо аз мақоми баробар сурат хоҳад гирифт, орзуи дили беолоиши Мавлои Рум, ки дар маснавӣ дарҷ ёфтааст - “Шарқҳо бар Мағрибат ошиқ шавад” сухани бузурги “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст”, барои башарият санъати мусиқӣ забони ягона мебошад, инсоният тавассути забони мусиқӣ, новобаста аз дину мазҳабу фарҳангашон, ба якдигар ҳамдил мешаванд. Бино бар ин санъати мусиқӣ дарку фаҳмиши онро ҳамаи инсоният якхела қабул мекунанд, зеро ба гуфтаи Саъдии Шерозии бузургвор: Банӣ одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Забони дили ҳама инсон, ҳама мардум, агарчи безабон бошанд ҳам, омӯхта шавад. Забони мусиқӣ забони ягонаест, ки ба аслу ҳадафи инсоният, новобаста ба қавму нажод ва дину мазҳаб, ҳамдилӣ ва ҳамзабонии тамоми миллат аст. Соли 1985 дар шаҳри Душанбе 1400-солагии зодрӯзи Борбад ҷашн гирифта шуд.

Ба хотири абадигардонии шахсияти Борбад дар ҷумҳурӣ коху хиёбонҳо, меросхонаҳо, асбобҳои мусиқӣ ба номи ӯ гузошта, доир ба дастовардҳои мусиқӣ Ҷоизаи ба номи Борбад таъсис дода шудааст. Борбад аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои ҳунар аст. Хунёгарест, ки назирашро таърихи башар ёд надошта, ҳам месуруд, ҳам менавохт, ҳам оҳанг эҷод менамуд ва бузургтарин базмҳои шоҳонаро обод мекард. Ва бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фалбат, Фаҳлбоз ҳам ёд мешавад.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи рушди соҳаи фарҳанг таъкид гардид, ки дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода дода, 350 иншооти дигари соҳа таъмиру азнавсозӣ карда шуд.

Ҳамчунин, дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаанд, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд.

Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Соли гузашта бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Дар ин росто, мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.

Вобаста ба ин Перезиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мардуми кишварро ба ин самт равона сохтаанд. Аз ҷумла бо дарназардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг супориш доданд, ки ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Борбад, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён – зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст. Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.

Дар маҷмуъ, бояд гуфт, ки халқи тоҷик санъат ва фарҳанги оламшумул дорад. Яке аз симоҳои барҷастаи фарҳангу санъати ниёгонамон ин Борбади Марвазӣ мебошад. Ин шахсияти маъруфи фарҳангӣ аз хунёгарони мумтози тоҷик аст, ки мероси илмии ӯ зери таҳқиқ ва ҳифзи олимону муҳаққиқони соҳа қарор гирифтааст.

Сорбон САЙДАМИРИЁН,
омӯзгори кафедраи методикаи таълими ибтидоии ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода