ҶАЛАСАИ ШУРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ДАР НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
21 январ, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилоят баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Шуро, муовин, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Нахуст, котиби масъули Шуро, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Чиллазода Шараф суханронӣ намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда тибқи нақшаи кории Шуро барои соли 2025, дастрасии матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва саводнокии ҳуқуқии насли наврас нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти дигари давлатӣ, бахусус кормандони ВАО басо муҳим мебошад.
![]()
Мувофиқи рӯзномаи ҷаласаи Шуро прокурори вилояти Хатлон Зоирзода Икром оид ба мавзуи "Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқии онҳо", сардорони раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар Аваззода Шараф ва дар минтақаи Кӯлоб Аҳмадзода Музаффар дар мавзуи "Ташкил ва баргузории чорабиниҳо вобаста ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта", сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилоят Иззатулло Ҳикматзода дар мавзуи "Рафти гузаронидани чорабиниҳо дар самти пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои суиистеъмоли он" ва раиси суди вилояти Хатлон Нуриддин Расулзода дар мавзуи "Ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо дар коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ вобаста ба баҳсҳои судии рӯзмарра" суханронӣ намуданд.
Сипас, нақшаи кории Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон барои соли 2026 ва нақшаи вобастнамоии аъзоёни Шуро, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулин ба шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба тақвият бахшидан ба корҳои омодагӣ ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ тасдиқ гардиданд.
Аз тарафи раиси вилоят дастур дода шуд, ки бо ин мақсад бо аҳолӣ, алалхусус бо гурӯҳҳои осебпазир, ноболиғон, ҷавонон, муҳоҷирон, ходимони дин ва донишҷӯён дар мавзӯъҳои мухталифи ҳуқуқӣ вохӯриҳо бештар ба роҳ монда шавад.
Пас аз баррасии ҳисоботҳо, раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар назди аъзои Шуро вазифаҳо гузоштанд, ки оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи амният, суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, тақвият ёфтани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани тахассус ва масъулияти кормандони соҳаи маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои масъули тарбияи идеологӣ, омодагии ҳамаҷониба ба даъвати баҳорӣ, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, нашъамандӣ, инъикоси ҳаёти сарбозони Артиши миллӣ дар ВАО, тақвияти чорабиниҳои фардии “Хона ба хона”, дониши молиявии мардум, саводнокии иттилоотӣ ва ғайра тадбирҳои натиҷабахш андешанд.
Аъзоёни Шурои вилоятӣ вазифадор карда шуданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои протоколҳои ҷаласаҳои Шуро ва бандҳои дахлдори Нақшаи кории Шуроро аз болои зерсохторҳои худ зери назорат ва корбарии ҳамаҷониба қарор диҳанд.
Набиҷони САИДАБРОР, «Хатлон»
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00