МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ АЗ МУОМИЛОТ БАРДОШТА ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 6
![]()
Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ дар минтақаи Кӯлоб бо иштироки намояндагони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо як қатор молу маҳсулоти хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмоли онҳо гузашта ё ба талаботи стандартҳои амалкунанда мутобиқат надоштанд, аз муомилот бардошта шуданд.
Тибқи иттилоъ, молу маҳсулоти мазкур бо дархости худи соҳибкорон ва фурӯшандагон аз нуқтаҳои савдо гирифта шуда, бо риояи тартиби муқарраргардида несту нобуд карда шуданд.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба соҳибкорону фурӯшандагон вобаста ба риояи қоидаҳои савдо, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулот, инчунин назорати муҳлати истеъмол тавсияҳо дода шуданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкории судманд бо соҳибкорон метавонад ба пешгирии муомилоти маҳсулоти пастсифат, таъмини бозори солим ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат намояд.
Умарҷон Тошматов,
«ХАТЛОН»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00