Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муъминобод: Гумонбари дуздӣ ба маблағи 60 000 сомонӣ дастгир шуд


Муъминобод: Гумонбари дуздӣ ба маблағи 60 000 сомонӣ дастгир шуд




Тавре Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар натиҷаи як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсияи ноҳияи Муъминобод нафареро бо гумони дуздиии 60 ҳазор сомонӣ дастгир намудаанд.

Кормандони милитсия зимни тафтишот муайян намуданд, ки Тоҷиддини Сайвалӣ, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Муъминобод, бо ҳамроҳии ҳаммаслакаш Баротов Амир, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ки айни замон дар ҷустуҷӯ қарор дорад, шаби 29 декабри соли 2025, аз набудани атрофиён истифода намуда, вориди мағозаи хӯрокворӣ, ки ба Зоиршо Икромов тааллуқ дорад, гардида, маблағи 60 000 сомонӣро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд' - иттилоъ медиҳад манбаъ.

Айни ҳол нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дастгиршуда Тоҷиддини Сайвалӣ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода