СОЛИ РУШДИ УСТУВОР ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАСИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
12 январ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазирон ва роҳбарони як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ, муовинони раиси вилоят, роҳбарону масъулони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки соли 2025 фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, пеш аз ҳама, ба иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифагузориҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва қарору супоришҳои Ҳукумати мамлакат равона гардида буд.
Раиси вилоят зикр кард, ки дар натиҷаи фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳо ва аҳли заҳмати вилоят, нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст гардиданд.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон тадбирҳои мушаххас андешида, ба пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардиданд, - иброз дошт Давлаталӣ Саид.
Зикр гардид, ки соли 2025 барои вилояти Хатлон соли пурбаракат буд. Ба шарофати таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат, дар давоми сол Пешвои миллат 6 маротиба бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 215 биною иншооти соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, бо бунёди ин иншоотҳо беш аз 2200 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Раиси вилоят афзуд, ки роҳбарият ва фаъолони вилоят минбаъд низ ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ, иҷрои босифати барномаҳои маҳалливу соҳавӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.
Сипас, гузориши муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода оид ба натиҷаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2025 шунида шуд. Дар гузориш дастовардҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, иҷтимоиёт, роҳу нақлиёт, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва рушди сайёҳӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тибқи нақша дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёд ва азнавсозии 6260 иншоот пешбинӣ гардида буд. Ба ҳолати 1 декабри соли 2025 бошад, дар маҷмуъ, 6640 биною иншоот ба маблағи 52,8 миллиард сомонӣ мавриди сохтмон ва навсозӣ қарор гирифта, нақшаи умумӣ 101,1 фоиз иҷро шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи соли 2025 ду баробар зиёд мебошад. Илова бар ин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бунёди боз 1284 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст.
Дар соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз самтҳои калидии рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят маҳсуб меёбад, пахтакорӣ мақоми муҳим дорад. Соли 2025 кишоварзони вилоят дар майдони 108 ҳазору 125 гектар пахта кишт намуда, ба ҳолати 1 январи соли 2026 ба корхонаҳои коркард 259,6 ҳазор тонна пахта супориданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар соли сипаришуда бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 628 километр роҳ мумфарш, 596 километр сангфарш ва 65 адад пулу қубур ба маблағи 292,1 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгард дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар масофаи 2588,6 километр роҳҳо ба маблағи 341,4 миллион сомонӣ корҳои таъмиру навсозӣ анҷом дода шуданд, ки нисбат ба соли 2024 52,8 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Бо дастгирӣ ва иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2025 роҳи автомобилгарди Данғара-Бохтар ба масофаи 68,8 километр ба истифода дода шуда, ҳамзамон ба таҷдиди роҳҳои Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор санги асос гузошта шуд.
Дар соҳаи маориф низ тадбирҳои назаррас амалӣ гардиданд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 146 иншооти соҳаи маориф дорои 1242 синфхона барои 62 100 ҷойи нишаст дар ду баст сохта ба истифода дода шуд. Айни замон сохтмони 54 иншооти дигар бо 562 синфхона барои 28100 ҷойи нишаст дар ду баст идома дорад.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки тамоми неру ва имкониятҳо бояд барои рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ сафарбар карда шаванд.
Дар ҷаласа раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз масъулон ва раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳалталаб пурсиш ба амал оварда, иҷрои саривақтии вазифаҳои гузошташударо талаб намуд.
Маврид ба зикр аст, ки таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалигардонии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тақвиятёбии истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, технологияҳои муосири кишту парвариши зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифату баландҳосили репродуксионӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ватанӣ ва дар маҷмуъ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ такони ҷиддӣ бахшида, афзоиш ва суръати рушди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ таъмин гардида истодааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли сармои пешорӯ, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, таълими ғайриқонунии динӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар фарҷом, дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, натиҷаҳои озмуни вилоятии «Муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...