ҚАДРДОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО МЕДАЛИ «БАРОИ САҲМГУЗОРӢ»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 84
![]()
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои саҳми арзанда гузоштан дар сохтмону таҷдиди роҳҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Барои саҳмгузорӣ» қадрдонӣ гардид.
Инчунин, раисони ноҳияҳои Қубодиён, Ёвон, Фархор бо медали «Барои саҳмгузорӣ» ва раиси ноҳияи М. С. А. Ҳамадонӣ бо Сипосномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар миқёси вилоят таъмиру азнавсозии роҳҳо дар умум ба масофаи 2588,6 километр ба маблағи умумии 341,4 миллион сомонӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли2024 ба маблағи 52,8 миллион сомонӣ зиёд буда, аз он 546 километр таъмири асосӣ, 649,4 километр сангфарш, 1393 километр таъмири ҷорӣ буда, 156 пул ва қубурҳо таъмиру азнавсозӣ шудаанд.
Аз ҷумла, бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 539 километр роҳҳо мумфарш, 596 километр сангфарш ва 65 пулу қубурҳо ба маблағи 292,1 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардидаанд.
Бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2025 роҳи автомобилгарди Данғара-Бохтар ба масофаи 68,8 километр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои Данғара–Гулистон ва Гулистон–Фархор санги асос гузошта шуд. Айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
«ХАТЛОН»
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00