Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КИТОБҲОИ ТОЗАНАШРИ "ХАТЛОН"


КИТОБҲОИ ТОЗАНАШРИ "ХАТЛОН"



Бахшида  ба  Соли  фарҳанги  китобхонӣ  дар  вилояти Хатлон бо ибтикори идораи рӯзномаи «Хатлон» давоми соли  2025-ум  8  китоби  тозанашр,  аз  он  ҷумла  “Олиҳаи меҳр”,  “Қадами  файзбор”,  “Чашмандоз”,  “Наврӯзномаи Хатлон”, “Нома ба насли оянда”, “Ваҳдатсаро” рӯйи чоп омад. Ин иқдом бо мақсади густариши фарҳанги мутолиа, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар ҳамин замина, моҳи декабри соли равон ду китоби тозанашр - таҳти унвонҳои “Рисолати Пешво” ва “Ману китоб” ба табъ расиданд.

«РИСОЛАТИ ПЕШВО»

Китоби   «Рисолати   Пешво»   бо  ибтикори идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ва  дастгирии  бевоситаи  раиси  вилояти Хатлон   Давлаталӣ  Саид  дар  нашриёти «Мулквар»-и шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 246 саҳифа  бо  сифати  баланд  ба  чоп  расидааст. 

Китоби   «Рисолати   Пешво»  маҷмӯи мақолаҳои   таҳлиливу  публитсистиест,   ки   ба ифтихори   даҳумин   солгарди   қабули   Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон   «Дар   бораи   Асосгузори   сулҳу   ваҳдати   миллӣ  -  Пешвои   миллат» таҳия   шудааст.   Дар   ин   маҷмӯа   андешаҳои амиқи муаллифон дар бораи нақш, рисолат ва хидматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон   дар   эҳёи   давлатдории миллӣ,  барқарории   сулҳу   субот   ва   таҳкиму тавсеаи   пояҳои   Ваҳдати   миллӣ  гирд  оварда шудаанд.

Матолиби гулчиншуда давоми солҳои 2015-2025 дар саҳифаҳои рӯзномаи “Хатлон” ба табъ расида, бо забони равон ва услуби публисистӣ навишта шудаанд. Маводи китоб ҷойгоҳи шахсияти сиёсӣ ва таърихии Пешвои миллатро дар раванди давлатсозии муосир бо далелҳои муътамад ва таҳлилҳои воқеӣ бозтоб медиҳанд. 

Дар пешгуфтори маҷмуа раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ  Саид  иброз  доштааст,  ки  «Тамоми дастовардҳо ва неъматҳое, ки дорем, ба  шарофати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву таҳти  роҳбарии  фарзанди  фарзонаи  миллат мамлакатамон ба рушду шукуфоӣ расидааст.

… Даҳ сол қабл, 9 декабри соли 2015, парлумони кишвар бо ҳисси масъулияти баланди   миллӣ   ва   дарки  амиқи   нақши   таъ-рихии   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Қонуни   Ҷумҳурии   Тоҷикистон   «Дар бораи   Асосгузори   сулҳу  ваҳдати   миллӣ –   Пешвои  миллат»-ро   қабул   кард,   ки   соли 2016   он   мақоми  конститутсионӣ   гирифт.   Ин қонун   истиқрори   нақши  сиёсию  давлатсозии Пешвои миллат ва эҳтироми волои ҷомеаро ба хизматҳои   таърихии   Ҷаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ, ваҳдат, суботи сиёсӣ ва эҳёи давлатдории миллии тоҷикон инъикос менамояд».

Аҳамияти маҷмӯа дар он аст, ки ҳикмати сиёсӣ, фарҳанги раҳбарӣ ва андешаи давлатдориро ифода менамояд. «Рисолати Пешво» ҳамчун   як   асари   мустанаду   таҷассумгари ҳақиқати даврони соҳибистиқлолӣ, дар таҳкими ҷаҳонбинии   миллӣ   ва   баланд  бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ саҳми бориз мегузорад. 

«МАНУ КИТОБ»

Китоби   «Ману   китоб», ки   бо   ибтикори   идораи рӯзномаи  «Хатлон»   мураттаб   ва   ба   нашр   расидааст,   гулчини   беҳтарини мақолаҳои эҷодии иштирокчиёни   озмуни   ҷумҳуриявии «Ману китоб» мебошад. 

Ин  китоб  дар  ҳошияи  “Соли фарҳанги  китобхонӣ”  омода   гардида,   андешаҳои   ноб, бардоштҳои ёдмон аз мутолиаи асарҳо, хотираҳои хонданӣ ва маводҳои   илҳомбахши   хонандагони ҷавону қаламкашони варзидаи кишварро гирд овардааст.

Матолиби китоб аз муҳаббати хоса ба китоб, ҷойгоҳи он дар рушди шахсият, баланд бардоштани сатҳи маънавият ва тақвияти фарҳанги   мутолиа шаҳодат медиҳанд. Ҳар  як   мақола таҷассумгари  ҷаҳонбинии   муаллиф, таҷрибаҳои мутолиавӣ, дунёи маънавӣ ва муносибати самимии ӯ бо китоб аст. Ин маводҳо  гувоҳи   онанд,   ки   китоб калиди маърифат, вусъати фикр ва нурбахши ҷаҳони бехатару фарҳангии ҷомеа мебошад.

«Ману   китоб» барои хонандагони ҷӯянда, омӯзгорон, муҳассилин, дӯстдорони каломи бадеъ  ва  ҳамаи  онҳое, ки дар рушди фарҳанги китобхонӣ саҳм гузоштан  мехоҳанд,  манбаи  арзишманди илҳому андеша аст. Нашри ин китоб саҳми арзандаи рӯзномаи «Хатлон» дар густариши маърифати ҷомеа ва таҳкими   анъанаи  мутолиаи  босамар маҳсуб мешавад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода