Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ФАРҲАНГ – ОЙИНАИ ҶОМЕА


ФАРҲАНГ – ОЙИНАИ ҶОМЕА




Соли 2025 барои соҳаи фарҳанги вилояти Хатлон соли пурбаракату хотирмон маҳсуб меёбад.  Раҳмон  Зокирзода,  сардори  Раёсати  фарҳанги  вилояти  Хатлон,  дар  суҳбат бо  рӯзномаи  «Хатлон»  гуфт,  ки  масъулони  мутахассисони  соҳа  бо  татбиқи  сиёсати фарҳангпарваронаи  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  дастуру  супоришҳои  Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои роҳбарияти вилояти Хатлон дар самти ҳифзу рушди мероси маънавӣ, боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа ва фароҳам овардани фазои солими фарҳангӣ корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.

Имрӯз соҳаи фарҳанги вилояти Хатлон ба  як  низоми  мукаммали  хизматрасонии фарҳангӣ табдил ёфтааст. Дар ҳудуди вилоят  885  муассисаи  фарҳангӣ  фаъолият менамояд.  Аз  ҷумла,  492  китобхона,  285 муассисаи  клубӣ,  3  филармонияи  халқӣ, 5  театри  халқӣ,  3  театри  касбӣ,  35  боғи фарҳангӣ-фароғатӣ,  18  осорхона,  29  мактаби бачагонаи санъат, 12 ансамбли тарона ва рақс ва 3 ансамбли касбии вилоятӣ хизмат  мерасонанд.  Ҳамзамон,  940  ёдгории  таърихиву  фарҳангӣ  ба  қайд  гирифта  шудааст,  ки  ҳар  яке  шоҳиди  таърихи пурғановати миллати тоҷик мебошад.

Ин  инфрасохтори  фарогир  имкон фароҳам овард, ки чорабиниҳои фарҳангӣ ба тамоми қишрҳои ҷомеа дастрас бошанд ва  фарҳанг  ба  унсури  муҳими  зиндагии иҷтимоӣ табдил ёбад.

Дар  соли  2025  аҳли  фарҳангу  ҳунари вилояти Хатлон дар баргузории ҷашну маросим  ва  чорабиниҳои  сиёсиву  фарҳангӣ саҳми  фаъол  гузоштанд.  Чорабиниҳо  ба муносибати  ҷашнҳои  Сада,  «Сад  ранги  чакан»,  Рӯзи  таъсисёбии  Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Рӯзи модар,  Иди  байналмилалии  Наврӯз,  Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи  Рӯдакӣ,  бузургдошти  Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Иҷлосияи XVI Шурои Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ  ва  даҳҳо  санаҳои  муҳими  дигар баргузор гардиданд.

Дар маҷмуъ, тавре ки Р. Зокирзода иттилоъ дод, дар давоми сол 40 789 чорабинӣ доир  шуда,  теъдоди  иштирокчиён  ба  3 миллиону 155 ҳазору 814 нафар расид. Ин рақамҳо худ гувоҳи онанд, ки фарҳанг дар вилояти  Хатлон  танҳо  маҳдуд  ба  саҳнаву толор набуда, ба ҷузъи ҷудонопазири зиндагии мардум табдил ёфтааст.

Яке  аз  самтҳои  муҳими  фаъолияти соҳа  баргузории  озмунҳои  ҷумҳуриявию вилоятӣ  ба  шумор  меравад.  Дар  асоси  Амри  Прези-денти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  2  январи  соли  2025, №АП-711  озмуни  ҷумҳуриявии  «Тоҷикистон  –  Ватани азизи ман» баргузор гардида, вилояти Хатлон дар дав-ри ниҳоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд: 1 ҷойи якум,  5  ҷойи  дуюм  ва  12  ҷойи  сеюм.  Дар  маҷмуъ,  18 нафар ғолиб гардида, боз 7 нафар бо Диплом ва мукофотпулии  2500  сомонӣ  қадрдонӣ  шуданд.  Қобили таваҷҷуҳ аст, ки нисбат ба соли 2024 шумораи ғолибон ду нафар афзудааст.

Ҳамчунин, 29 декабри соли 2025 дар Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар маросими тантанавии  қадрдонии  ғолибони  даври  вилоятии  озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор 
шуд.  103  нафар  ғолиб  бо  Сипосномаи  раиси  вилояти Хатлон  ва  мукофотҳои  пулӣ  сарфароз  гардонида  шуданд.

ДАР ДОИРАИ ТАТБИҚИ «БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025» ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН» БАРГУЗОР ГАРДИД. АЪЗОИ МАҲФИЛҲОИ КИТОБХОНАҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ БО ГИРИФТАНИ 2 ҶОЙИ ЯКУМ, 4 ҶОЙИ ДУЮМ, 4 ҶОЙИ СЕЮМ ВА 3 МАҚОМИ ИФТИХОРӢ ҲУНАРУ МАҲОРАТИ ХУДРО СОБИТ НАМУДАНД.

Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб» низ бо иштироки фаъолонаи хонандагони вилояти Хатлон сурат гирифт. 11 нафар иштирокчӣ соҳиби 3 ҷойи дуюм, 4 ҷойи сеюм ва  4  мақоми  ифтихорӣ  шуданд.  Мукофотҳои  пулӣ  ва дипломҳо  ҳавасмандии  наврасонро  ба  китобхонӣ  боз ҳам бештар гардонид.

Дар  Муассисаи  давлатии  «Китобхонаи  давлатии бачагонаи  ҷумҳуриявии  ба  номи  Мирсаид  Миршакар» даври ниҳоии маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гар-дида, намояндагони ноҳияҳои Дӯстӣ ва Восеъ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Ба  ифтихори  700-солагии  Хоҷа  Ҳофизи  Шерозӣ  маҳфили «Ҳофизхонӣ» таҳти унвони «Ғазалсарои Машриқзамин» баргузор  гардида,  дар  ҷамъбасти  он  китобхонаҳои  вилояти  Хатлон ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд. Ин иқдомҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои адабӣ мусоидат намуданд.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Фестивал-озмуни  ҷумҳуриявии  телевизионии  эҷодиёти  халқ  «Андалеб-2025» баргузор гардида, шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи якум, ноҳияи Муъ-минобод ҷойи дуюм ва ноҳияҳои Хуросону Ёвон ҷойҳои ифтихо-риро ба даст оварданд. Ин фестивал боз як бор собит намуд, ки эҷодиёти халқ дар Хатлон дорои неруи бузурги маънавист.

Соли  2025  ҳамчун  «Соли  фарҳанги  китобхонӣ  дар  вилояти Хатлон» бо корҳои созандагии васеъ ҷолиб гардид. Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ шуда, бо 20 компютер ва зиёда аз 200 ҳазор нусха китобҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардид.

Дар маҷмуъ, барои таъмиру тармими китобхонаҳо аз ҳисоби буҷет, соҳибкорон ва шаҳрвандон зиёда аз 7,6 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Ҳамчунин, барои харидории зиёда аз 10 ҳазор нусха китобҳои тозанашр ва ҳазорон китобҳои туҳфашуда заминаи устувор фароҳам омад.

Таъмири  муассисаҳои  клубӣ,  хариди  асбобҳои  мусиқӣ  ва либосҳои саҳнавӣ, инчунин ободонии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо харҷи беш аз 8,9 миллион сомонӣ симои фарҳангии шаҳру ноҳияҳоро куллан дигаргун сохт.

- Яке аз рӯйдодҳои муҳим ифтитоҳи Маркази фарҳангӣ дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун буд, ки дар доираи сафари кории Пешвои миллат ва бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба истифода дода шуд, - қайд кард  Раҳмон  Зокирзода,  сардори  Раёсати  фарҳанги  вилоят.  - Ин марказ бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ дар доираи барномаи  CASA-1000  бунёд  гардида,  ба  рушди  ҳаёти  иҷтимоӣ  ва фарҳангии маҳал такони ҷиддӣ бахшид.

Дастовардҳои  соҳаи  фарҳанги  вилояти  Хатлон  дар  соли 2025  натиҷаи  ҳамкории  самараноки  давлат,  ҷомеа  ва  аҳли эҷод  мебошанд.  Фарҳанг  дар  вилоят  рушд  мекунад,  ба  талаботи  замон  мутобиқ  мегардад  ва  ба  омили  муҳими  ваҳдат, худшиносӣ  ва  пешрафти  ҷомеа  табдил  меёбад.  Ин  натиҷаҳо далели фаъолияти босамари аҳли фарҳанг ва самараи сиёсати фарҳангпарваронаи давлат дар соли 2025 мебошанд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода