И. ЗОИРЗОДА: 619 ҚАРОРИ РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ЭЪТИРОЗ ВА 225 ОН ЛАҒВ ШУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
26 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи вилояти Хатлон ҷаласаи мушовараи мақомоти прокуратураи вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар кори ҷаласа муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, Умед Каримзода , роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят, прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
И. Зоирзода, прокурори вилояти Хатлон, генерал-майори адлия баромад намуда, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти прокуратураи вилоят 10 170 муроҷиат ворид гардида, 2 940 муроҷиат бевосита аз ҷониби кормандони прокуратура баррасӣ, 844 муроҷиат қонеъ ва нисбат ба 1 929 муроҷиат талаботи қонун шарҳ дода шудааст.
Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда 894 ҳолат вайроншавии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ошкор гардида, ҳуқуқи поймолгардидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барқарор карда шуд. Бо мақсади бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 357 санади эътиноии прокурорӣ бароварда шуда, 404 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ ҷалб гардиданд. Нисбат ба 23 нафар шахсони мансабдор бо моддаи 163 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд, - зикр дошт И. Зоирзода.
![]()
Дар самти назорати умумӣ фаъолияти мақомоти прокуратура боз ҳам тақвият ёфта, шумораи санадҳои эътиноии прокурорӣ ба 15 506 адад расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 1 149 адад зиёд мебошад. Бо натиҷаи санҷишҳо 7 330 амр, 5 143 эътироз ва 3 323 пешниҳоди прокурорӣ ворид гардида, дар натиҷаи баррасии онҳо 21 645 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Ҳамчунин 1 324 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, маблағи зарари расонидашуда ба маблағи 433,7 миллион сомонӣ барқарор карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 65,7 миллион сомонӣ (18,6 фоиз) зиёд мебошад.
Ба 619 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шуда, аз онҳо 225 қарор бекор гардидааст. Аз шумораи умумӣ 76 фоиз қарорҳо ба масъалаҳои замин вобаста буданд, - гуфт прокурори вилоят.
Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 87,5 миллион сомонӣ қарздории музди меҳнат барқарор карда шуда, то 1 декабри соли ҷорӣ қарздории музди меҳнат дар вилоят пурра бартараф гардидааст.
Дар самти сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он 80 амр ва 142 пешниҳоди прокурорӣ ирсол гардида, дар натиҷа 2 565 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ ҷалб шуда, 79 миллион сомонӣ зарар барқарор карда шудааст. Ҳамчунин 112 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва иҷрои қонунгузорӣ дар самти таълиму тарбия нисбат ба 46 нафар волидайн парвандаҳои маъмурӣ оғоз гардида, 90 нафар кормандони муассисаҳои таълимӣ ба ҷавобгариҳои интизомӣ ва нисбат ба 172 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар 11 моҳи соли ҷорӣ 19 276 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 12 фоиз аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ошкор карда шудааст. Кушодашавии ҷиноятҳо 81,8 фоиз-ро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 400 ҷинояти хусусияти коррупсионӣ ва иқтисодӣ ошкор гардида, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ҳаҷми умумии зарари ошкоршуда 28 миллион сомонӣ буда, аз он 12,4 миллион сомонӣ дар ҷараёни тафтиш барқарор гардидааст. 14 нафар ба ҷавобгариҳои маъмурӣ ҷалб шуда, 11 ҳолати додану гирифтани пора ба қайд гирифта шудааст.
Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...