ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ЁРИИ ТАЪҶИЛИИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ДАР ДОИРАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ЁРИИ ТАЪҶИЛИИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ДАР ДОИРАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ




Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷайҳун, Маркази ёрии таъҷилии ноҳия дар кӯчаи ба номи А. Ҷаборови шаҳраки Дӯстӣ ба истифода дода шуд.


Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти муҳими соҳаи тандурустӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуданд.

Маркази ёрии таъҷилии ноҳияи Ҷайҳун аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бо маблағи 788 ҳазору 200 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, бо шароити муосири корӣ таъмин мебошад. Иншоот бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои расонидани кӯмаки саривақтӣ ва босифати тиббӣ ба аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои Марказ, раиси вилоят аз сатҳи омодагӣ, таъминот ва шароити кории фароҳамшуда изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар саҳни ҳавлии Маркази ёрии таъҷилӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ суханронӣ намуда, аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ ёдовар шуданд. Зимнан таъкид гардид, ки табибон ва кормандони соҳа бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб ба мардум хизмат намуда, барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ тамоми дониш ва таҷрибаи худро равона созанд.

Ба истифода додани Маркази ёрии таъҷилии ноҳияи Ҷайҳун боз як қадами муҳим дар роҳи таҳкими инфрасохтори соҳаи тандурустӣ буда, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва таъмини солимии аҳолии ноҳия мусоидат хоҳад кард.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода