ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДИАБЕТИ ҚАНД ВА ПЕШГИРИИ ОН


ДИАБЕТИ ҚАНД ВА ПЕШГИРИИ ОН




Солимии  ҷомеа  ва  ҳифзи иҷтимоии  шаҳрвандон  яке  аз рукнҳои  муҳимтарини  рушди  иҷтимоиву  иқтисодии  ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати  хирадмандонаи  худ  соҳаи  тандурустӣ  ва ҳифзи  иҷтимоии  аҳолиро  дар  мадди аввал гузошта, ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакатро ба ҳамин самт равона менамояд.

Доир ба пайдоиш ва пешгирии бемории диабети қанд бо менеҷери КАТС-и ноҳия Муродбег Муллоев суҳбати хоссае доштем ва онро манзури Шумо мегардонем.

-Омилҳои пайдоиши  бемории қанд дар чист?

-Бемории  диабети  қанд  яке  аз  масъалаи умумиҷаҳонии  тандурустӣ  буда,  пешгирӣ  ва табобати  он  муҳимтарин  самти  тибби  муосир  мебошад.  Диабет  ин  гуруҳи  бемориҳои метаболикӣ (мубодилаҳои  моддаҳо) мебошад, ки ба он баландшавии қанди хун хос аст, ки дар натиҷаи иллати тарашшуҳи нисбӣ ё мутлақи инсулин ба амал меояд. Дар натиҷаи тағйирёбии мубодилаҳои модаҳо дар ғадуд ба амал омада,  ба  вайроншавии  функсияи  раг  ва  торҳои асаб оварда мерасонад. Яъне, вайрон  шудани ғадуди зери меъда яке аз сабабҳо ва пайдоиши ин навъи беморӣ мебошад. 

-Кадом нишонаҳои диабети қандро метавонед номбар кунед?

-Нишонаҳои  асосии  бемории  диабети  қанд инҳоянд:

-пешобравии зиёд, бо сабаби зиёд шудани глюкоза дар  хун, бадан онро тавассути  пешоб хориҷ мекунад. Нафари гирифтори ин беморӣ шабона ва рӯзона борҳо пешоб мекунад;

-ташнагии шадид. Шахс доим ташна мешавад ва ҳатто  баъд аз нӯшидани об эҳсоси ташнагӣ дар организми ӯ намеравад;

-иштиҳои зиёд. Нафари гирифтори ин беморӣ бисёр мехӯрад, вале вазни баданаш кам мешавад. Ин нишонаи хоси диабети навъи 1 аст;

-хастагии доимӣ. Глюкоза ба ҳуҷайраҳо намерасад ва шахс худро доим хаста эҳсос мекунад;

-ангезиши зуд ва асабоният. Норасоии глюкоза дар ҳуҷайраҳо ба ҳолати асабоният ва депрессия оварда мерасонад. Ин ва даҳҳо нишонаи диабет мавҷуд аст, ки дар ҳолати мушоҳидаи он шахс бояд ба духтур муроҷиат намояд.

-Кадом  оризаҳои  диабети  қандро  гуфта метавонед?

-Нафари  гирифтори  ин  беморӣ  метавонад дар организми худ чунин аломатҳоро ҳис намояд:

- карахтшавӣ ва хориш дар дасту пой. Эҳсоси сӯзиш ё дард. Талафи ҳис дар ангуштон;

-шакари зиёд ба рагҳои майдаи чашм таъсир мерасонад ва метавонад биноиро заиф кунад;

-диабет  метавонад  боиси  норасоии  кори гурдаҳо гардад;

-хатари бемориҳои дилро(сактаи дил) чанд маротиба зиёд намудан мавҷуд аст;

-ба сабаби осеби асабҳо ва гардиши бади хун дар пойҳо захмҳо ба вуҷуд меоянд, ки дер шифо меёбанд.  Ин  захмҳо  метавонанд  илтиҳоб  шаванд, беҳис гарданд ва ба ампутатсия (буридани пой) оварда расонад;

-бадани  шахси  диабетдор  ба  микробҳо ҳассостар  мешаванд.  Ин  метавонад  боиси илтиҳоби дандонҳо ва милки даҳон, илтиҳоби пӯст ва сирояти роҳҳои пешоб шаванд.

-Табиби халқӣ  то куҷо метавонад роҳи ҳалли мушкилӣ шавад?

-Сараввал, бояд аз табобати халқӣ худдорӣ намоянд ва албатта, ба мутахассиси соҳа(табиби эндокринолог) муроҷиат намоянд, аммо ав-вал барои худи бемор ин риоя кардани парҳез ва худсарона истифода набурдани дорувориҳо аз тарафи худи шахс аст. Зиёд кардани маълумоти шахсӣ оид ба беморӣ ва оризаҳои он. Стресс бадтарин омил барои беморони якумин маротиба ташхисшуда мебошад. Пас, беморон бояд ҳатман аз стресс дур бошанд.

-Сабаби гирифторшавӣ ба ин беморӣ дар чист?

-Албатта, ки сабабҳо ва омилҳо хело зиёд мебошанд. Ба таври мисол: Ирсӣ, яъне метавонад аз насл ба насл гузарад, аутоиммунӣ, муттатсияи гении ресепторҳо ва худи инсулин, истифодаи баъзе дорувориҳо,  маводҳои химиявӣ ва баъзе бемориҳои дигари ғадудӣ ва сабабҳои зиёди дигар боиси ба вуҷуд омадани беморӣ мегардад.

-Чӣ  гуна  аз  оқибатҳои  диабети  қанд пешгирӣ кунем?

-назорати мунтазами шакари хун;
-истеъмоли ғизои солим ва парҳез;
-варзиши мунтазам;
-истифодаи дурусти дору ё инсулин;
-санҷиши мунтазами чашм, гурда ва пойҳо; 
-парвариши пойҳо ва истифодаи пойафзоли мувофиқ.

-Барои  пешгирии  ин  беморӣ  чӣ  бояд кард?

-Ба  фаъолияти  ҷисмонӣ  машғул  шудан, вазнро муътадил нигоҳ доштан, худдорӣ аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва тамоку аз роҳҳои пешгирии ин беморӣ мебошанд. Роҳҳои пешгирии бемории диабети қанд муҳимтар аз табобати беморӣ аст. Агар дар оилаҳое, ки ба диабети қанд тамоюли авлодӣ доранд, вазни кӯдак дар давоми ҳаёт зиёд шавад, бояд ҳатман ба пизишкон муроҷиат намоянд. Бояд гуфт, ки яке аз роҳҳои пешгирии он дуруст ба роҳ мондани реҷаи хӯрокхӯрӣ ва машғул шудан ба варзиши сабук, ба мисли пиёдагардӣ ва оббозӣ мебошад. 

Ҷ. ҚУВВАТЗОДА,
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,
махсус барои рӯзномаи«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода