Номинаи “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
10 декабри соли 2025 зимни иҷлоси 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Деҳлии Нав номинаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фарҳанги суманакпазӣ” қабул шуда, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Боиси қайд аст, ки номинаи мазкур аз ҷониби Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳия гардида, соли 2023 ба баррасии созмони зикргардида пешниҳод шуда буд.
Оё ҳаст нафаре, ки суманакро дӯст надорад? Суманак рамзи Наврӯз аст, ки модарони мо бо меҳру муҳаббат ва посдории ойини дерина ҳар соле дар арафаи ва шабу рӯзи таҷлили Наврӯз онро таҳия мекунанд.
Хабари пазируфтани номинаи “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО воқеан басо рамзӣ, ифтихоровар ва рӯҳбаландкунанда аст. Ин тасмим суннати куҳани миллати мо, фарҳанги ҳамбастагию ҳамдилиро, ки дар анъанаи суманакпазӣ таҷассум ёфтааст, ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Ин дастоварди муҳим далелест бар он, ки миллати мо бо таърихи пурғановат, арзишҳои мардумӣ ва анъанаҳои ҷаҳономӯзи худ дар рӯзгори муосир низ ҳузури густурда ва таъсиргузор дорад. Пазириши суманак ҳамчун мероси башарӣ далели эҳтирому арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ ба заҳмати модарони мо, рисолати фарҳангӣ ва рамзи наврӯзии миллатамон аст.
Мо аз ин иқдоми арзанда ифтихор мекунем ва онро қадаме дар роҳи ҳифз, эҳё ва ҷаҳонишавии фарҳанги миллӣ медонем.
Ба кулли ҳамдиёрон ин хабари некро самимона таҳният мегӯем!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00