Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
Ҳамватанони азиз!
Боиси сарфарозию ифтихори бузург аст, ки мардуми кишвари мо бо шарофати истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои орому осудаи Тоҷикистони азиз маросиму суннатҳои диниву мазҳабии худ, аз ҷумла Иди саиди Қурбонро озодона таҷлил менамоянд.
Ба ин муносибат тамоми сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро самимона табрику таҳният гуфта, ба шумо, пеш аз ҳама, тансиҳатию хонаободӣ, файзу баракат дар рӯзгор ва барори кор таманно менамоям.
Имрӯз ҳар яки мо бояд барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, баҳри амалӣ гардидани сиёсат ва нияту ормонҳои неку башардӯстонаи Роҳбари давлат, бештар устувор гардидани сулҳу ваҳдат, дӯстию бародарӣ ва оромии кишвар талош варзем, зеро тамоми ибодати бандагон ба таъмини амният ва оромии кишвари азизамон вобастагӣ дорад. Ба кӯшишҳои афроди кӯтоҳандешу тангназар, ки бо мақсади ғаразнок, бо роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ мехоҳанд ба сулҳу оромии мамлакат халал ворид намоянд, ақлу хирад ва иродаи худро муқобил гузошта, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Мо набояд ба зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофкорӣ, махсусан исрофи нон ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ роҳ диҳем. Воқеан, исрофкориро дини мубини ислом низ маҳкум мекунад ва Худованд дар каломи осмонии худ, дар ояти бистуҳафтуми сураи «Исро» мефармояд: «Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст». Ба ҷойи зиёдаравию исрофкорӣ зарур аст, ки имкониятҳои молиявии оилаҳо барои тарбияи фарзандон, ки ояндаи мову шумо мебошанд, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагии аҳли хонадон, яъне беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии оила ва фарзандон, ободии хонаи истиқоматӣ ва маҳалли зист равона карда шаванд».
Яке аз фазилатҳои нек ва писандидаи Иди саиди Қурбон дароз кардани дасти шафқат ба сӯйи мардуми камбизоат, пирони барҷомонда ва ятимону дармондагон мебошад. Дар баробари ин, талқини арзишҳои инсондӯстиву инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, поси хотири гузаштагон, хайру саховат ба дармондагону эҳтиёҷмандон аз сифатҳои беҳтарини мусулмонон дар ин рӯз ба шумор меравад. Аъмоли хайр, ваҳдату таҳаммулгароӣ асли дини исломро ташкил медиҳад.
Аз ин рӯ, ҳамаи мо бояд тамоми ғайрату ҳиммати худро ба дастгирии ниёзмандон, корҳои созандаву ободгарона, дӯст доштани Ватан, таҳкими истиқлолу озодӣ равона намуда, дар амри хайр рӯҳияи дӯстиву бародарӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия кардани ҷавонон саҳмгузор бошем.
Ҳамзамон, таъкид менамоям, ки дар арафаи Иди саиди Қурбон мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, имомхатибон ва соҳибкорон ба оилаҳои ниёзманд, ятимону барҷомондагон ва бепарасторон кумаки моддии худро расонанд.
Роҳбарони комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо ва масъулини дахлдор вазъи имрӯзаи паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19)-ро ба инобат гирифта, ҷиҳати ба танзим даровардани гаштугузори наврасону кӯдакон дар рӯзи Иди саиди Қурбон корҳои пешгирикунандаро ҷоннок намоянд.
Як нуқтаи муҳимро қайд кардан ба маврид аст, ки зимни баргузории ибодатҳои дастаҷамъӣ намози идона иҷрои дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати риояи фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб, пайваста безараргардонӣ (дезинфексия) кардани толорҳои бинои масҷид, пешгирии хондани намоз ё ибодат дар шароити ғайрисанитарии берун аз бинои масҷид, тамбашавӣ дар роҳҳои ҳамшафати масҷидҳо ва риояи дигар қоидаҳои беҳдоштӣ таъмин карда шаванд.
Мардуми сарбаланди кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни умумимилиамон 30-солагии истиқлолияти давлатӣ қарор дошта, бо шукргузорӣ аз тинҷию оромии кишвар бо бунёди иншоотҳои таъиноти гуногун, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ободии кишвар саҳми муносиби худро гузошта истодаанд.
Ҳамзамон, аз сокинони вилоят хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ вобаста ба ҳолати дар ҷаҳон бамиёномада аз қабили хукшксолӣ, норасоӣ ва қиматшавии маводи озуқа, афзоиши бекорӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ бобати сарфаю сариштакории рӯзғор таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо мақсади самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва таъмини захираи маводи дусолаи хӯрока тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.
Дар шароити мураккаби авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъи сарҳади давлатӣ имрӯза тақозо менамояд, ки барои ҳимояи марзу буми меҳан, пешгирии амалҳои ифротгароӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии насли имрӯзу фардои ҷомеа аз мактаби шуҷоату ҷавонмардии Роҳбари давлат таҷрибаи ватандӯстию хештаншиносӣ омӯхта, фарзандонро дар рӯҳияи баланди инсондӯстию меҳандӯстӣ тарбия намоем.
Итминони комил дорам, ки ҷавонони бонангу номус, далеру шуҷоъ ва посдорони қавииродаи Модар–Ватан минбаъд низ барои ҳифзи сарҳади давлатӣ, ҳимояи неъмати бузургтарини ҳаёти сокинони мамлакат – Истиқлолият ва озодӣ, тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани мақому мартабаи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамеша омодаву ҳушёр хоҳанд буд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар, шумо - сокинону меҳмонони вилояти Хатлонро ба муносибати Иди саиди Қурбон табрик гуфта, бароятон тандурустӣ ва саодати рӯзгорро орзумандам.
Раиси
вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.