Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БЕШ АЗ 50 ҲАЗОР НАФАР ДАР РАҲПАЙМОИИ ОСОИШТА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ШИРКАТ НАМУДАНД


БЕШ АЗ 50 ҲАЗОР НАФАР ДАР РАҲПАЙМОИИ ОСОИШТА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ШИРКАТ НАМУДАНД




Субҳи имрӯз дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии тантанавӣ баргузор гардид. Тибқи иттилоъ дар ин чорабинӣ беш аз 50 ҳазор намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр, кормандони идораву муассисаҳо, донишҷӯёну хонандагон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.



Иштирокчиён бо парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳои ватандӯстона ва бо рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ аз хиёбони Ваҳдат  то назди майдони Парчами давлатӣ омаданд.

Дар фарҷоми роҳпаймоӣ чорабинии тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ баргузор шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода