"ЭҲЁИ ДУБОРАИ "ГУЛШАН" ВА 60 БАҲОРИ НАКҲАТБОРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 81
![]()
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қалби Хатлон - шаҳри Бохтар барномаи пуршукуҳи фарҳангӣ, аз ҷониби ҳунармандони ансамбли овозадори эстрадии "Гулшан" бо иштироки асосгузорони ин ансамбли номдори мамлакат, ки 60 сол боз бо санъати нотакрор рӯйи саҳнаи ҳунар ҳастанд, баргузор гардид.
Дар барномаи пуршукуҳи ҳунарӣ поягузорони ансамбл - Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов, Тамара Катаева, Раҳима Шалоерова, Махфират Ҳамроқулова, Татяна Барилло ва ансамбли овозадори "Зебо" ҳунарнамоӣ намуданд.
Барои тамошои ҳунари ин нобиғаҳои санъати миллии эстрадӣ, собиқадорони меҳнат, кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон ва сокинони шаҳри Бохтар бо эҳтиром ва самимияти хоса ба ҳунару санъат иштирок намуданд.
Аз ҳунари воло ва санъати асили ин чеҳраҳои фарҳангии миллат - ансамбли овозадори "Гулшан" хотири иштирокдорон болида гардид ва барномаи ҳунарии сатҳи баландро самимона тамошо намуда, ба пойдории фарҳанг бовар намуданд.
Шукри соҳибистиқлолии Ватани азизамон - Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Пешвои фарҳангпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангу ҳунари миллӣ рӯз аз рӯз рушд намуда истодааст.
Имрӯзҳо амнияту субот ва Ваҳдати сартосарӣ барои ҳар фарди худогоҳ, неъмати бебаҳост, чунки дар ҳама соҳаҳои кишвар пешравиҳои назаррас ҷой доранд.
Дар 34 соли Истиқлолияти давлатӣ ташаббуси аҳли ҳунари ансамбли овозадори "Гулшан" бо ҳунармандони асилаш, ки чеҳраҳои муваффақи фарҳанги кишвар мебошанд, ҷаҳонӣ гардида аст. Ва муҳаббати томашон ба санъату фарҳанг тавонист онҳоро аз давлатҳои хориҷ дар 60-ум баҳори фаъолияти ҳунарӣ дар Ватан сарҷамъ намояд.
Воқеан ҳам, рисолати азалии ин нобиғаҳои фарҳанги асили миллӣ, бори дигар исбот намуд, ки онҳо саҳнаро чун макони муқаддас ва ҳунарро чун пояи фарҳанг дӯст медоранду касби хешро азиз мешуморанд.
Маҳз ҳамин соҳибистиқлолии комил имкон дод, ки ин чеҳраҳои намоёни фарҳанги миллат, яке аз Амрико ва аз дигар давлатҳои гуногуни дунё ба ватани аслияшон - Тоҷикистон баргашта, дар эҳёи дубораи фарҳанги миллӣ ва рушди ансамбли овозадори "Гулшан" саҳмгузор гардиданд.
Онҳо нобиғаҳои фарҳанги асили миллатанд. Миллат ба ҳунари баландашон эҳтиром дорад ва тавассути таронаҳои мондагори ин ганҷинаҳои фарҳанг "Гулшан"-и Ватан дубора ба камол расида, ҳунари асил эҳё мегардад.
Агар гузашти рӯзгор ин ҳунармандонро аз Ватан берун бурд, вале ҳангоми сарҷамъ омадану миёни саҳнаи ҳунар баромадан муҳаббаташон ба фарҳанги миллӣ ва садоқаташон ба касб, дар чеҳраҳои нурборашон ҷилвагар гардид.
Ҳамин аст фидоии санъат будану дӯст доштани касби хеш ва содиқ будан ба фарҳанги миллӣ.
Бо боварии қатъи метавонем гӯем, ки баргузории чунин барномаҳои консертии сатҳи баланд, бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар, чун нобиғаҳои ансамбли "Гулшан" дар шаҳру ноҳияҳо метавонад, муҳаббати халқро ба фарҳанг бештар ва ҳунари асилро дар ҷодаи асолати миллӣ пойдор намояд.
Отахон Саидзода,
директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00