ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЖДАИ ЗАФАР: НОҲИЯИ ПАНҶ НИЗ ДУРНАМОИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД


МУЖДАИ ЗАФАР: НОҲИЯИ ПАНҶ НИЗ ДУРНАМОИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД




Кишоварзони заҳматпешаи ноҳияи Панҷ бо шукргузорӣ аз сиёсати созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилона меҳнат карда, ба дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ ноил гардиданд.

Татбиқи ҳидоятҳои пайвастаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ки идомаи мантиқии сиёсати башардӯстона ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад, ба ҷараёни корҳои саҳроӣ дар вилояти Хатлон, бахусус дар ноҳияи Панҷ, такони ҷиддӣ бахшид.
Дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба рушди соҳаи пахтакорӣ ва истифодаи қоидаҳои муосири агротехникӣ аз ҷониби пахтакорони Панҷ бо масъулияту садоқати баланд амалӣ карда шуданд. Соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия кишти пунбадона дар майдони умумии 5483 гектар ба роҳ монда шуда, ҳосилнокӣ назаррас гардид.
Дурнамои истеҳсоли пахта барои соли 2025 дар ноҳияи Панҷ 13 000 тонна муайян гардида буд. Ба рӯзи 14 ноябри соли 2025 меҳнаткашони ноҳия 13 017 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ карданд, ки 100,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ин дастовард боиси ифтихор ва муждаи зафари меҳнатдӯстони Панҷ ба истиқболи мавсими нави дастовардҳо мебошад.
Ин муваффақият на танҳо пирӯзии пахтакорони Панҷ, балки зафари умумии сокинони вилояти Хатлон аст, ки аз ояндаи дурахшони рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят башорат медиҳад.
То имрӯз аз байни 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилоят 15 шаҳру ноҳия, аз ҷумла Левакант, Бохтар, Дӯстӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва Панҷ дурнамои истеҳсоли пахтаро пурра иҷро кардаанд.
Бояд хотиррасон кард, ки пахтакорони вилояти Хатлон рӯзи 5 ноябр аз иҷрои дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта мужда дода буданд. Соли равон дар вилоят дар майдони 108 ҳазору 265 гектар пунбадона кишт шуда, то имрӯз зиёда аз 255 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Ин дастовард шаҳодати заҳмати содиқона, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносии кишоварзони Хатлон буда, аз таҳкими имконоти истеҳсолӣ ва татбиқи бобарори сиёсати оқилонаи роҳбарияти давлату Ҳукумат гувоҳӣ медиҳад.
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода