Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ №43 ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ


ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ №43 ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ



Имрӯз, 15 ноябр, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо назардошти талабот ва боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму тарбияи насли наврас дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43-и ноҳияи Панҷ бинои иловагии таълимӣ барои 200 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Муассисаи мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ дар деҳаи Сомонии ҷамоати деҳоти Намуна бунёд гардидааст.
Мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи январи соли 2024 аз тарафи Бунёди миллии маблағузории Тоҷикистон оғоз гардида, бо нархгузории соли 2024 арзиши лоиҳавии иншоот 1 миллиону 238 сомониро ташкил медиҳад.
Масоҳати умумии бино аз 0,3 гектар замин иборат буда, аз он 116 метри мураббаъро зери сохтмон ташкил медиҳад. Бино аз ду ошёна ва 4 синфхонаи таълимӣ иборат мебошад.
Муассисаи мазкур дорои таҷҳизотҳои замонавӣ, мизу курсиҳо ва тахтаи синфӣ буда, бо кушода шудани он ба хонандагони муассисаи мазкур хизматрасонӣ менамояд.
Бинои мазкур бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд гардида, дар он барои хонандагон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 6 то 8 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши аз 2000 то 3000 сомонӣ таъмин гардиданд. Дар баробари анҷоми корҳои сохтмонӣ масъалаи ободу зебо кардани муҳити атроф, саҳни ҳавлии бино низ ба анҷом расонида шудааст.
Гармидиҳии муассисаи мазкур тариқи буғӣ бо истифодаи ангишт дар дегхона ба роҳ монда шуда, дар фасли сармо даҳлез ва дохили тамоми бино ба гармӣ таъмин карда мешавад.
Раиси вилояти Хатлон иқдоми ташаббускоронро дар рушди соҳаи маориф ва таъмини толибилмон бо шароити хуби дарсомӯзӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. 
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо омӯзгорону хонандагон таъкид намуданд, ки барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва баланд бардоштани обрӯву эътибори Ватан ҳамеша саъю кӯшиш намоянд.
Ҳамин гуна раванди босуботи корҳои созандагиву ободонӣ дар ҳама ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ бомаром идома дошта, сол аз сол бо мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо иншооти самту соҳаҳои гуногун барои таъмини рӯзгори шоиставу босаодати сокинон заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода