ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ


КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ



15 ноябр дар дар толори қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-ум Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангиву фароғатӣ доир гардид. 

Чорабинӣ бо сафороӣ ва роҳпаймоии идонаи кормандони касбу кори гуногун аз назди майдони Парчами давлатии шаҳр оғоз шуд. Иштирокдорони роҳпаймоӣ бо дар даст доштани акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шиору навиштаҷотҳои ватандӯстона ҳусни тантанаи ҷашнро афзуданд. Садои якдигар ҳангоми шиори «Президенти мо — ифтихори мо!» фазои идонаро пуррангтар намуд.
Дар чорабинии мазкур Назарзода Бахтиёр, раиси шаҳри Кӯлоб, собиқадори меҳнат, муовинони раиси шаҳр, мудирони бахшу шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони фаъоли шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.   
Кори чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии роҳбарияти шаҳри Кӯлоб оғоз шуд. Нахуст, аҳли толорро ба ин санаҳои мубораку муқаддас таҳният намуд.
Дар зимн таъкид доштанд, ки таҷлили Рӯзи Президент ва ёдоварӣ аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ин на танҳо эҳтиром ба як шахсияти таърихӣ, балки нишони шукргузорӣ аз сулҳ, ваҳдат ва давлати озоду соҳибистиқлоли мост.
Дар ҳамон рӯзҳои вазнин, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва низоъҳои сиёсӣ пояҳои давлатдориро таҳдид мекарданд, ваҳдату сулҳ чун орзуи дастнораси ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ менамуд, маҳз бо интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олӣ умеди нав ба қалби мардум баргашт.
Дар идома зикр дошт, ки воқеан, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хатми ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани оқибатҳои ҷанги таҳмилӣ, аз вартаи нобудшавӣ наҷот бахшидани кишвар, таъмини амният дар мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, марҳила ба марҳила рушд бахшидани давлат, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ басо бузург аст. 
Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби аҳли ҳунари шаҳр барномаи ҷолиби консертӣ, иборат аз рақсу бозиҳои диловез, суруду таронаҳо, ки аз васфи диёри азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу ваҳдат, меҳру муҳаббат ва ҳамгироӣ саршор буд, пешниҳод гардид.
Алишери Абдулмаҷид 
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода