ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ БЕМОРХОНАИ №2-И НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 28 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён бинои иловагии беморхонаи №2-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии беморхонаи №2 бо маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.
Иншооти нав аз шуъбаи таваллуд, кӯдакон ва амрози дарунӣ иборат буда, дорои 15 кати хоб барои беморон мебошад.
Иншооти мазкур аз ҷониби ташкилоти байналмилалии хайриявии “Шарҷа” бунёд ёфта, кормандон бо беҳтарин дастгоҳҳои замони муосир таъмин гардиданд.
Бино бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз буда, ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ин деҳаи дурдасти ноҳияи Қубодиён мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо масъулон ҷиҳати фаъолияти муназзаму содиқ ба касбу миллат будан ҳарф зада, зикр намуданд, ки ҳукумати кишавр дар самти рушди ифрасохтори маҳал, хусусан деҳоти дурдаст чораҳои муассирро меандешад ва дар ҳама деҳкадаҳо марказҳои саломатию дигар иншооти иҷтимоӣ бунёд гардида истодааст.
"Хатлон"
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00